Вакилони Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аёдат карда шуданд
ДУШАНБЕ, 01.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони мардумӣ Сурайё Дӯстмуродзода ва Ғиёсиддин Ашурзода вакилони Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуманон Абдуразоқов ва Абдуваҳоб Мирзоевро аёдат намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.
Зимни аёдат ба вакилони Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ паёми роҳбарияти Маҷлиси намояндагон расонида шуда, барои хидматҳои бенуқсони чандинсола дар соҳаҳои гуногун ба нафъи халқу Ватан ва тарбияи кадрҳои болаёқату хештаншинос изҳори сипос баён гардид.
Тавре вакилон зикр доштанд, замоне, ки Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардид, ҳамаи мардумро яъсу ноумедӣ фаро гирифта буд, ҳеҷ кас ба ояндаи дурахшони кишвар бовар надошт, шумораи гурезагон аз хоки Тоҷикистон меафзуд, кишвар дар вартаи алангаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарор гирифта буд. Иҷлосияи мазкур бинобар сабаби авҷи даргириву нооромиҳо дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд доир гардид.
Маҳз интихоби дурусти Раиси Шӯрои Олӣ буд, ки кишвар аз ҷанг бароварда шуд, гурезагони иҷборӣ ба Ватан баргардонида шуданд ва ниҳоят сулҳи деринтизор ба миллат ҳадя гардид. Ин иқдоми аввалини муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ буд.
Тазаккур дода шуд, ки таҷрибаи сулҳофаринии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои бонуфузи дунё ҳамчун таҷрибаи нодир пазируфта шуда, дар кишварҳои ҷангзада мавриди омӯзиш ва амал қарор мегирад.
Таъкид гардид, ки имрӯз вазъи ҷомеаи ҷаҳон бисёр мураккаб гашта, ба пойдории истиқлолияти баъзе кишварҳо таҳдиду хатар пеш омадааст.
-Дар ин марҳилаи ҳассос ҳар шаҳрванди мамлакатро зарур аст, ки дар атрофи сиёсати сулҳҷӯёна, башардӯстона, дурандешона ва созандаи фарзанди барӯманди миллат- муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ бошад ва Тоҷикистонро боз ҳам ободу зебо гардонад,- зикр доштанд вакилони Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки вакилони Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуманон Абдуразоқов ва Абдуваҳоб Мирзоев имрӯзҳо бо шукургузорӣ аз фазои сулҳу суботи комили Ватан давлати пирӣ меронанд.
Акс: МН МО ҶТ








Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо устодону донишҷӯён доир гардид
Ба омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон расонида шуд
Ба сокинони ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод ва Ховалинг Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода ба сокинони Рашт нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистонро шарҳ дод
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон доир шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон доир шуд
Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон оғоз гардид
Ба «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» тағйиру илова ворид карда шуд
АСОСҲОИ КОНСТИТУТСИОНИИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин маврид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд






