Варзишгари тоҷик Наврӯз Каримзод барандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш гардид

Ноябрь 28, 2022 13:20

ДУШАНБЕ, 28.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 23-28 ноябр дар шаҳри Пунаи Ҳиндустон Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш баргузор шуд, ки дар он варзишгари тоҷик Наврӯзи Каримзод дар вазни -73кг ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мусобиқа варзишгарон аз 60 давлат ширкат намуданд. Дар баробари Наврӯзи Каримзод Тоҷикистонро 2 варзишгари дигар- Муҳаммадризо Қувватов (-60кг) ва Фаррух Маҳмудов (-81кг) намояндагӣ карданд.

Муҳаммадризо Қувватов ва Фаррух Маҳмудов то даври чорякфинал баромаданд, вале дар рақобат барои роҳ ёфтан ба нимфинал аз ҳарифонашон мағлуб шуданд.

АКС: КМО Тоҷикистон

 

Ноябрь 28, 2022 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад