ЗАМИНЛАРЗА ДАР ИНДОНЕЗИЯ. Шумораи қурбониён ба 162 нафар расид

Ноябрь 22, 2022 07:00

ДУШАНБЕ, 22.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари заминларзаи шиддатнокиаш 5,6 дараҷа, ки дирӯз, 21 ноябр дар ҳавзаи Чианҷури Индонезия рух дод, 162 нафар ба ҳалокат расидаанд. Аксари онҳо кӯдакони синни мактабӣ мебошанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии Kompas TV хабар медиҳад.

Бино ба маълумоте, ки губернатори Яваи Ғарбӣ Ридвон Камил ба телевизион пешниҳод кардааст, 326 нафар сокинони Чианҷур ҷароҳати вазнин бардошта, 13 ҳазору 784 нафарро тахлия кардаанд.

«Маркази тамоси агентии метеорологии Индонезия дар бораи 162 қурбонӣ хабар дод. Аксари онҳо кӯдакон буданд, аз ин рӯ мо хеле нигарон ҳастем», — гуфт Ридвон Камил ба Kompas TV.

Ӯ илова намуд, ки сабаби бештар қурбон шудани кӯдакон мавҷудияти теъдоди зиёди мактаб-интернатҳо дар Чианҷур аст.

Губернатор гуфт, ки беш аз 2300 хона бар асари заминларза осеб дидаанд. Фоизи зарари биноҳо аз 60% то 100% буда, харобшавии пурра арзёбӣ мешавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 22, 2022 07:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд