16 РӮЗИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ХУШУНАТИ ХОНАВОДАГӢ. Таҳти чунин унвон дар Бадахшон конфренсия доир гардид

Декабрь 3, 2022 10:12

ДУШАНБЕ, 03.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 1 декабр бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ, ташкилоти ҷамъиятии «Занон барои адолат» дар Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти унвони «16 рӯзи мубориза бар зидди хушунати хонаводагӣ» конфренсия баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар доданд.

Дар конференсия мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ Гулшод Гулбекова зикр кард, ки амалҳои зӯроварӣ ва хушунат дар ҷомеаи мо имрӯзҳо дар шаклҳои мухталиф зоҳир мегарданд ва алайҳи онҳо тадбирҳо андешида мешаванд.

Таҷриба муайян намуд, ки хушунат дар рӯзгори мардум ҳамчун хушунати мард нисбат ба ҳамсар, хушунати модаршӯ нисбат ба келинҳо, хушунати падарону бародарон нисбат ба духтарону хоҳарон ва дар баъзе ҳолатҳо хушунати калонсолон нисбат ба хурдсолон, яъне кӯдакон зоҳир мегардад.

Бояд гуфт, ки омода набудан ба оиладорӣ, набудани маълумоти касбӣ, паст будани маърифати ҳуқуқӣ, огоҳ набудан аз ҳуқуқҳои худ ва надоштани одоби муошират барои хушунат дар хонавода замина муҳайё мекунанд.

Намояндаи Ташкилоти ҷамъиятии «Занон барои адолат» Дурсултон Гулмамадова иброз дошт, ки «ҳамасола аз 25 ноябр то 10 декабр дар тамоми ҷаҳон маъракаи «16 рӯзи мубориза бар зидди хушунат» ҷашн гирифта мешавад. Зӯроварӣ дар оила — кирдори зиддиҳуқуқии бадқасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, рӯҳӣ, шаҳвонӣ ё иқтисодиест, ки дар доираи муносибатҳои оилавӣ аз ҷониби як узви оила нисбат ба узви дигари оила содир шуда, боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, расонидани дарди ҷисмонӣ ё зарар ба саломатии ӯ мегардад».

Дар интиҳои ҳамоиш иштирокдорон андешаҳои худро вобаста ба хушунати хонаводагӣ баён намуданд.

АКС: МИҲД шаҳри Хоруғ

Декабрь 3, 2022 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид