«28 ҚАДАМИ УСТУВОРИ ҲИЗБИ МАРДУМӢ». Таҳти чунин унвон дар Парлумони Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 10.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 9 декабр дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 28-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «28 қадами устувори ҳизбӣ мардумӣ» ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Ҳамоиши мазкур таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим ва бо ташаббуси фраксияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон ва дар ҳамдастӣ бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Қонунгузор» доир шуд.
Раиси фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон Фозил Обидзода иброз намуд, ки воқеан ҳам Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тӯли фаъолияти 28-солаи худ тавонист ҷомеаи Тоҷикистонро ба сӯи созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят намояд. Барномаи ҲХДТ фарогири ҳамаи паҳлӯҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дигар масъалаҳои ҷомеаи мо мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 ноябр дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иброз намуданд, ки «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии сокинони Тоҷикистон нақши муассир дошта, дар ташаккули фарҳанги сиёсӣ ва худшиносиву худогоҳии мардум нақши сазовор мегузорад. Вазифаҳои асосии ҳизби мо дар марҳалаи нави рушди ҷомеа ва давлат дар барномаҳои пешазинтихоботии он, қарорҳои анҷуманҳои сенздаҳум ва чордаҳум, ки самтҳои муҳимтарини рушди мамлакатро то соли 2027 дар бар мегиранд, мушаххас гардидаанд».
Ҳамчунин дар ҳамоиш вакилони Маҷлиси намояндагон Шарифҷон Ҳакимзода, Ҳуснигул Одиназода, Зоир Раҳмонзода иброз намуданд, ки ҳар узви ҳизб, сарфи назар аз он ки дар кадом сатҳ ва дар кадом вазифа фаъолият мекунад, бояд дар доираи имконияту салоҳияти худ ва бо қобилияти ташкилотчигӣ, донишу маърифати баланди сиёсӣ дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеа саҳми фаъол гузорад ва барои мардум намунаи ибрат бошад.
Дар интиҳо як зумра вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон бо Ифтихорнома ва Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






