«28 ҚАДАМИ УСТУВОРИ ҲИЗБИ МАРДУМӢ». Таҳти чунин унвон дар Парлумони Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид

Декабрь 10, 2022 09:43

ДУШАНБЕ, 10.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 9 декабр дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 28-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  таҳти унвони «28 қадами устувори ҳизбӣ мардумӣ» ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Ҳамоиши мазкур таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим ва бо ташаббуси фраксияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон ва дар ҳамдастӣ бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Қонунгузор» доир шуд.

Раиси фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон Фозил Обидзода иброз намуд, ки воқеан ҳам Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар тӯли фаъолияти 28-солаи худ тавонист ҷомеаи Тоҷикистонро ба сӯи созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят намояд. Барномаи ҲХДТ фарогири ҳамаи паҳлӯҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дигар масъалаҳои ҷомеаи мо мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 ноябр дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иброз намуданд, ки «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии сокинони Тоҷикистон нақши муассир дошта, дар ташаккули фарҳанги сиёсӣ ва худшиносиву худогоҳии мардум нақши сазовор мегузорад. Вазифаҳои асосии ҳизби мо дар марҳалаи нави рушди ҷомеа ва давлат дар барномаҳои пешазинтихоботии он, қарорҳои анҷуманҳои сенздаҳум ва чордаҳум, ки самтҳои муҳимтарини рушди мамлакатро то соли 2027 дар бар мегиранд, мушаххас гардидаанд».

Ҳамчунин дар ҳамоиш вакилони Маҷлиси намояндагон Шарифҷон Ҳакимзода, Ҳуснигул Одиназода,  Зоир Раҳмонзода иброз намуданд, ки  ҳар узви ҳизб, сарфи назар аз он ки дар кадом сатҳ ва дар кадом вазифа фаъолият мекунад, бояд дар доираи имконияту салоҳияти худ ва бо қобилияти ташкилотчигӣ, донишу маърифати баланди сиёсӣ дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеа саҳми фаъол гузорад ва барои мардум намунаи ибрат бошад.

Дар интиҳо як зумра вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон бо Ифтихорнома ва Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ

Декабрь 10, 2022 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода бо муовини раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо Сафири Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Агентии Чин оид ба ҳамкории рушди байналмилалӣ мулоқот намуданд
Мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагон бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар доир гардид
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ мулоқот намуданд
Дар Душанбе тавсеаи робитаҳои парлумонии Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид
Раиси Маҷлис-аш-Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад
Қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда рӯйдоди воқеан таърихӣ ва мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид