Барқияи табрикии Мудири кулли ЮНЕСКО Одрӣ Азуле ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Декабрь 22, 2022 08:40

ДУШАНБЕ, 22.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли мамнуният Шумо ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати қабул гардидани қатънома дар Маҷмаи Умумии СММ рӯзи 14 декабри соли 2022 оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун ‘Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо’ ва сароғоз аз соли 2025 тасдиқ гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо табрик мегӯям.

ЮНЕСКО аз нақши фаъоли Тоҷикистон дар пешбарии ин қатънома истиқбол менамояд. Мо итминони комил дорем, ки қатъномаи мазкур ҷиҳати баррасии аҳаммияти пиряхҳо ҳамчун ҷузъи даври гидрологӣ ва таъкиди бештари мушкилиҳои ногузир дар соҳаи муҳити зист, тандурустии инсонҳо ва амнияти захираҳои об, ки аз обшавии босуръат ва коҳиши пиряхҳо зуҳур мекунанд, мусоидат хоҳад кард. Ин заруратест, ки нахуст зимни Даҳсолаи байналмилалии гидрологии ЮНЕСКО, солҳои 1965-1974 муайян шуда буд.

Илова ба ин, ташаббуси мазкури Шумо барои созмони мо имконияти роҳандозии ҳамкории муассирро бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омода намудани заминаи пажӯҳишии қатънома ва ҷалби таваҷҷуҳи бештар ба мавзуъҳои мазкур тариқи якчанд чорабиниҳо, аз ҷумла зимни ду конфронсҳои гузаштаи тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP) дар шаҳрҳои Глазго ва Шарм-уш-Шайх, ҳамчунин дар рафти “ҳафтаи сатҳи баланд”-и иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии СММ дар моҳи сентябри соли 2022 фароҳам овард.

ЮНЕСКО минбаъд бо камоли майл якҷо бо дигар ниҳодҳои марбутаи СММ дар таҷлили Соли ҳифзи пиряхҳо, ки бо ибтикори Тоҷикистон эълом гардидааст, иштирок хоҳад кард. Тавассути Барномаи байниҳукуматии гидрологии худ мо аллакай бо якчанд лоиҳаҳо оид ба арзёбии таъсири барф ва пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ иқдом кардем. Ин талошҳое мебошанд, ки ҳамкориҳои минтақавиро тақвият мебахшанд, табодули дониш ва муколамаро густариш медиҳанд ва ҳамкориҳоро байни олимону муассисаҳои маҳаллӣ тақвият медиҳанд. Мо умедворем, ки бо Шумо барои боз ҳам таҳким бахшидани ин ташаббусҳои муҳим ҳамкорӣ намоем.

Бо изҳори умед аз сафар ба кишвари Шумо, мехоҳам барои ҳамкориҳои мутадовим ва пурсамарамон миннатдории самимӣ баён намоям.

Лутфан ғояти эҳтироми маро, Ҷаноби Олӣ, қабул фармоед».

Декабрь 22, 2022 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд