Ассотсиатсияи китобхонаҳои президентии кишварҳои ИДМ таъсис дода шуд

Декабрь 15, 2022 12:34

ДУШАНБЕ, 15.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Санкт-Петербург ба майдони  таъсиси Анҷумани китобхонаҳои президентии Россия ва кишварҳои ИДМ табдил хоҳад ёфт. Рӯзи душанбе, 12 декабр дар инҷо санад дар бораи таъсиси созмони нави дорои мақоми байналмилалӣ ба имзо расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар медиҳад.

Чунин ниҳод дар кишварҳои пасошӯравӣ бори аввал таъсис меёбад.

Дар барномаи фаъолият —  баргузории чорабиниҳои муштарак, “мизҳои мудаввар”, конфронсу машварат дар назар аст. «Ассотсиатсия дастрасии васеъро ба арзишҳои фарҳангии ҷаҳонӣ фароҳам меорад»,-  гуфта мешавад дар иттилоия.

Инчунин созмони нав ба табодули таҷриба дар соҳаи таъмини иттилоотию таҳлилии мақомоти давлатӣ мусоидат намуда, истифодаи мутақобили захираҳоро оид ба масъалаҳои таърих, ҳуқуқ, иқтисод, сиёсат, ҳамкории фарҳангӣ ва ҷорӣ намудани дастовардҳои пешқадам ва технология таъмин менамояд.

«Шаҳр ба нигоҳдорӣ ва таҳкими муносибатҳои дӯстона бо тамоми кишварҳои ИДМ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд.

Бахши муҳими рушди ҳамкорӣ –ҳамгироии захираҳои китобхонаҳо хоҳад буд- он дар заминаи мунтазам баргузор намудани чорабиниҳои муштараки китобхонаи президентӣ бо шарикони кишварҳои ИДМ ба нақша гирифта шудааст», — оварда шудаанд дар иттилоия суханони намояндаи кумитаи робитаҳои хориҷии Санкт-Петербург Евгений Григорев.

Мавриди зикр аст, ки 28 декабри соли 2021 маҳз дар Китобхонаи президентӣ дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқоти анъанавии ғайрирасмии сарони давлатҳои  аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки Санкт-Петербург соли 2023 пойтахти фарҳангии ИДМ эълон шуда буд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

ДАР АКС: иштироккунандагони мулоқоти ғайрирасмии роҳбарони давлатҳои аъзои ИДМ дар Китобхонаи президентии Санкт-Петербург. АКС аз манбаъҳои боз

 

Декабрь 15, 2022 12:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид