«БЕҲТАРИН ШИРКАТИ САЙЁҲӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Таҳти чунин унвон дар пойтахт озмун доир мешавад
ДУШАНБЕ, 29.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти Тоҷикистон озмуни «Беҳтарин ширкати сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе» доир мегардад, ки барои ҷойи якум – 15 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм – 10 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюм – 5 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимиятии давлатии шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.
Дар озмун ширкатҳои сайёҳие иштирок карда метавонанд, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин: дархост барои иштирок дар озмун, нусхаи Шаҳодатномаи бақайдгирии давлатӣ, пешниҳоди маълумот доир ба хатсайрҳои сайёҳии ширкат ва дигар хизматрасониҳо (дар шакли диск, буклет ва ғайра), пешниҳоди маълумот доир ба шумораи сайёҳони воридотию содиротӣ ва дохилӣ ва маълумот дар бораи мавҷудияти сомонаи алоҳида дар шабакаи интернет, почтаи электронӣ, саҳифаҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ ва дигар платформаҳои сайёҳӣ зарур аст.
Инчунин иштирокчиёни озмун метавонанд маълумоти иловагиро доир ба комёбиву дастовардҳои худ, инчунин диплому ҷоизаҳо, сипосномаҳоро аз намоишгоҳу чорабиниҳои дохилӣ ва байналмилалӣ пешниҳод созанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимиятии давлатии шаҳри Душанбе









РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
Имконоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар шаҳри Тула муаррифӣ гардид
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт






