ЧҶ-2022: БОЗ ШАВҚОВАРТАР. Чаҳор ҷуфти 1/8-финал аллакай маълум гардиданд
ДУШАНБЕ, 01.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Чаҳор ҷуфти 1/8-финали Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Қатар маълум шуданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
3 ноябр дастаҳои мунтахаби Нидерланд — ИМА ва Аргентина — Австралия ва як рӯз пас Англия — Сенегал ва Фаронса — Лаҳистон бозӣ мекунанд.
Ба ҷуз ин дастаҳо дастаҳои Бразилия ва Португалия ба 1/8-финал роҳ ёфтанд, вале рақибони онҳо дертар маълум хоҳанд шуд.
Имрӯз, 1 декабр ва шаби 2 декабр дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2022 дар Қатар чаҳор бозии марҳилаи гурӯҳӣ баргузор мешаванд. Хорватия бо Белгия ва Канада бо Марокаш бозӣ мекунанд. Ду бозии дигар: Ҷопон – Испания ва Коста-Рика – Олмон дертар доир мешаванд.
Акс: LAURENCE GRIFFITHS/GETTY IMAGES








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






