COVID-19: ПАНДЕМИЯ МЕРАВАД, ВИРУС БОҚӢ МЕМОНАД. Роҳбари СУТ изҳори умедворӣ кард, ки соли 2023 вазъи фавқулода оид ба бемории ковид қатъ мегардад
ДУШАНБЕ, 15.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Тедрос Аданом Гебрейесус изҳори умедворӣ намуд, ки соли 2023 ҳолати фавқулода, ки аз соли 2020 бинобар бемории COVID-19 дар самти тандурустии ҷомеа ҷорӣ буда, аҳамияти ҷаҳонӣ (PHEIC) дошт, ба охир мерасад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора ӯ рӯзи чоршанбе, 14 декабр дар нишасти матбуотӣ дар Женева изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, коронавирус метавонад дар гардиш идома ёбад. Бо вуҷуди ин COVID-19 дигар дар миқёси ҷаҳон ҳамчун ҳолати фавқулода боқӣ нахоҳад монд. Ҳадди ақалл, дар СУТ ин чизро умедворанд.
«Мо умедворем, ки соли оянда дар кадом як лаҳзае мо метавонем бигӯем, ки COVID-19 дигар ҳолати фавқулодаи ҷаҳонӣ нест»,-гуфт ӯ.
Гарчанде ки ҳоло вазъият «ба таври назаррас беҳтар аст», ба ҳар ҳол бояд ба мубориза бо сироят идома диҳем. «Вирус бо мо мемонад. Суол ин аст, ки мо бо он чӣ гуна мубориза мебарем»,-шарҳ дод роҳбари СУТ. Ӯ таваҷҷуҳро ба он ҷалб намуд, ки ҳоло инсоният дорои лавозимоти мубориза бо коронавирус мебошад.
Гебрейюс инчунин зикр кард, ки сатҳи марг аз коронавирус ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Як сол пеш дар як ҳафта аз COVID-19 50 ҳазор нафар ба ҳалокат мерасиданд. Барои муқоиса, дар як ҳафтаи охир камтар аз 10 000 нафар фавтидаанд. Роҳбари СУТ тасдиқ намуд, ки ҳолати фавт аз вирус ҳамоно зиёд аст. Кишварҳо бояд барои пешгирии паҳншавии он бисёр корҳоро ба анҷом расонанд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонӣ








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






