Дӯконҳои бозори марказии шаҳри Хоруғ аз сари роҳи мошингард бардошта шуданд
ХОРУҒ, 28.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони шуъбаи Хадамоти оташнишонии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар арафаи Соли нави мелодӣ вазъи риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро дар бозори марказии шаҳри Хоруғ мавриди санҷиш қарор доданд. Дар натиҷаи бепарвоӣ нисбат ба қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор дар панҷ соли охир дар ин бозор чанд маротиба сӯхтор ба амал омад, ки бар асари он даҳҳо дӯкон ба коми оташ рафта, соҳибкорон зиёни ҷиддии молӣ диданд, хабар додааст мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз МИРАСАН.
Муҳандиси шуъбаи Хадамоти оташнишонии вилоят Алифбек Шукурбекзода гуфт, ки “бозор яке аз маконҳои ҷамъшавии зиёди одамон, аз ҷумла мӯйсафедон, кӯдакону наврасон, одамони имконияташон маҳдуд буда, яке аз маконҳои осебпазир дар баробари сӯхтор ба шумор меравад. Санҷишҳои солҳои охир нишон доданд, ки иддае аз соҳибкорон аз бухориҳои худсохт ва ноқилҳои кӯҳнаву корношояме истифода мебаранд, ки ҳар замон имкон доранд сабаби сӯхтор гарданд. Илова бар ин баъзе дӯконҳои худсохти тиҷоратӣ дар роҳи мошингард ҷой гирифтаанд, ки ба ҳаракати мошинҳои сӯхторхомӯшкунӣ монеаи ҷиддӣ эҷод мекунанд. Ҳарчанд аксари ин дӯконҳо баъди сӯхтори моҳи июни соли равон, ки бар асари он 20 дӯкон сӯхтаву пули калони пиёдагард комилан тахриб гардид, аз сари роҳ бардошта шуданд, аммо дар чанд моҳи охир соҳибкорон боз ба макони аввалаи худ баргашта, роҳи мошинҳои махсусро банд намудаанд”.
Бо роҳандозӣ намудани санҷиши навбатӣ ҳамаи ин дӯконҳо аз сари нав аз роҳи мошингард бардошта шуданд. Ба маъмурияти бозор дастур дода шуд, ки минбаъд ба чунин хилофкорӣ роҳ надиҳанд ва нагузоранд, ки роҳҳои мошингард аз тарафи соҳибкорон баста шаванд. Зеро бастани роҳи мошинҳои махсус, аз ҷумла мошинҳои сӯхторхомӯшкунӣ, ёрии таъҷилӣ, ҳолатҳои фавқулода қатъиян манъ аст.
Дар сурати ислоҳ накардани камбудиҳо фаъолияти соҳибкорон дар бозор дубора манъ мегардад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






