Дар Арабистони Саудӣ таҷлили мавлуди Исоро иҷозат доданд
ДУШАНБЕ, 28.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шоҳигарии муҳофизакори Арабистони Саудӣ бо гузаронидани якчанд ислоҳоти муосири худ барои таҷлили иди насронӣ омода мешавад. Дар ин бора Financial Times иттилоъ медиҳад.
Қаблан дар Арабистони Саудӣ ба таври маъмулӣ яке аз муҳимтарин рӯзҳои тақвими насронӣ расман таҷлил намешуд.
Вале, тавре рӯзномаи Financial Times зикр менамояд, сокинони Ар-Риёз имсол имкон пайдо намуданд, ки аз намоишҳои мавсимӣ дар марказҳои тиҷоратӣ лаззат бурда, арчаҳои солинавӣ бихаранд. Ҳамчунин The Guardian менависад, ки қандакҳо, кулоҳҳои Бобои барфӣ, барфи сунъӣ ва ҳатто арчаҳои солинавӣ дар дӯконҳо ва қаҳвахонаҳои маҳаллии Ар-Риёз ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Илова бар ин, яке аз рӯзномаҳои расмии Арабистони Саудӣ бори нахуст дар таърихи худ шумораи вижаи ҷашнӣ нашр кардааст. «Саудиҳо рӯҳияи мавлуди Исоро аз пештара дида бештар эҳсос мекунанд»,-омадааст дар сархати аввали рӯзномаи расмии англисизабони Arab News.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар
АКС: youtube.com








Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд






