Дар арафаи Соли нав собиқадорони меҳнат, маъюбон ва оилаҳои ниёзманди Истаравшанро аёдат карданд

Декабрь 28, 2022 17:06

СУҒД, 28.12.2022 /АМИТ «Ховар/. Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода дар арафаи Соли нави мелодӣ пирони рӯзгордида, шахсони маъюб ва камбизоатро аёдат намуд. Дар ин бора ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло МАҲКАМ дар дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан иттилоъ доданд.

Мавриди зикр аст, ки собиқадорони меҳнат хазинаи тиллоӣ ва тарбиятгару раҳнамои ҷавонони соҳибистиқлоли кишвар ба ҳисоб рафта, хизматҳои эшон дар ташаккули худшиносиву худогоҳии ҷавонон беназир мебошад. Ҳамзамон бояд зикр намуд, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ба ғамхории ҳамешагӣ фаро гирифтани оилаҳои ниёзманд, ятимону маъюбон ва шахсони дорои имконияти маҳдудро дар меҳвари сиёсати иҷтимоии худ қарор дода, ҳеҷ гоҳ ин қишри ҷомеаро аз мадди назар дур намесозанд.

Дар робита ба ин 26 декабр бахшида ба Соли нави мелодӣ Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода якчанд нафар собиқадорони меҳнатро аёдат карда, инчунин бо аҳволи маъюбону оилаҳои ниёзманд шинос шуд ва ба онҳо кумакҳои якдафъаина расонид.

Аёдатшудагон аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳо болида гардида, ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода миннатдории самимонаи хешро баён доштанд ва барои оромиву осоиштагӣ ва шукуфоии Ватанамон даст ба дуои нек бардоштанд.

АКС: Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Декабрь 28, 2022 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад