Дар арафаи Соли нави мелодӣ ба қисми ҳарбии Қушунҳои дохилии ВКД дар вилояти Суғд кумак расонида шуд
ДУШАНБЕ, 27.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар партави сиёсати инсондӯстона ва ғамхоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба фарорасии Соли нави мелодии 2023 ба қисми ҳарбии Қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар вилояти Суғд якчанд намуд маводи хӯрока тақдим намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти вазорати мазкур.
Маводи хӯрокаро масъулини Раёсати тандурустии вилояти Суғд ба қисми ҳарбии Қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар вилояти Суғд дастрас намуда, иброз доштанд, ки ин иқдом бо мақсади ҳавасманд намудан ва қадрдонии сарбозону афсарони шуҷои Ватан роҳандозӣ гардида, муҳофизони марзу буми кишвар ба ҳама гуна таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ сазовор мебошанд.
Дар навбати худ роҳбарияти қисми ҳарбиии Қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар вилояти Суғд барои чунин дастгирӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуданд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон









ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






