Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба шарҳи Паёми Пешвои миллат ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 24.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 24 декабр дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баҳри иҷрои дастуру супориш ва вазифаҳои дар ҷараёни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгардида, хусусан баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир, сатҳи азхудкунии фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таҳти унвони «Мушкилоти муосири муодилаҳои дифференсиалӣ ва интегралӣ дар фазоҳои функсионалӣ» ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар».
Зикр шуд, ки дар шароите, ки техникаву технологияи муосир рушд намуда, талабот ба мутахассисони фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ меафзояд, пешниҳоди солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳим ва саривақтӣ мебошад.
Сарвари давлат 23 декабр зимни ироаи Паёми навбатӣ иброз намуданд, ки «бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳалли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст».
Аз ҷониби дигар, яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат- ин табдил додани Тоҷикистон аз мамлакати аграрӣ-саноатӣ ба кишвари саноатӣ-аграрист. Ин худ бозгӯи тақвият додани технологияи соҳаи саноат, ки ба илмҳои дақиқ шомил мебошад, мебошад.
Дар ҷараёни ҳамоиш иштирокдорон доир ба баланд бардоштани сатҳи донишомӯзӣ ва дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон маърӯзаҳо пешкаш намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






