Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба шарҳи Паёми Пешвои миллат ҳамоиш доир шуд

Декабрь 24, 2022 11:46

ДУШАНБЕ, 24.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 24 декабр дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баҳри иҷрои дастуру супориш ва вазифаҳои дар ҷараёни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгардида, хусусан баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир, сатҳи азхудкунии фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таҳти унвони «Мушкилоти муосири муодилаҳои дифференсиалӣ ва интегралӣ дар фазоҳои функсионалӣ» ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар».

Зикр шуд, ки дар шароите, ки техникаву технологияи муосир рушд намуда, талабот ба мутахассисони фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ меафзояд, пешниҳоди солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳим ва саривақтӣ мебошад.

Сарвари давлат 23 декабр зимни ироаи Паёми навбатӣ иброз намуданд, ки  «бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳалли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст».

Аз ҷониби дигар, яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат- ин табдил додани Тоҷикистон аз мамлакати аграрӣ-саноатӣ ба кишвари саноатӣ-аграрист. Ин худ бозгӯи тақвият додани технологияи соҳаи саноат, ки ба илмҳои дақиқ шомил мебошад, мебошад.

Дар ҷараёни ҳамоиш иштирокдорон доир ба баланд бардоштани сатҳи донишомӯзӣ ва дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон маърӯзаҳо пешкаш намуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 24, 2022 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд