Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон курси таълимии «Сарварони сиёсӣ» ташкил гардид

Декабрь 3, 2022 09:24

ДУШАНБЕ, 03.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ дар паёми шодбошии имсолаашон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон зикр намуданд, ки «Ватанро сидқан ва самимона дӯст доштан, бо он ифтихор кардан, барои ҳимояи сарзамин омода будан, ба қадри истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва эҳтироми падару модарро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҳар кадоми шумо – ҷавонон бояд ин арзишҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳед». Аз ин суханони Сарвари давлат дар машғулияти аввалини курси таълимӣ, ки таҳти унвони «Сарварони сиёсӣ» 1 декабр дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, ёдоварӣ карда шуд.

Тавре аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар курси мазкур донишҷўён бо роҳбарони аввали вазорату кумитаҳо, ходимони шинохтаи давлатӣ, аҳли илму фарҳанг ва собиқадорони меҳнат мулоқот намуда, доир ба таҷрибаи андўхтаи онҳо дар роҳи расидан ба муваффақиятҳо суҳбат меороянд.

Машғулияти аввалин бо иштироки Ректори ДМТ Қобилҷон Хушвахтзода баргузор шуд. Мавсуф дар оғоз мухтасар перомуни аҳамияти гузаронидани курсҳои таълимии мазкур ва ҳадафи он сухан гуфта, сипас дар мавриди сиёсати давлатии ҷавонон ва дастгирии ин қишри ҷомеа аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар кард.


Мавсуф дар қисми дигари суҳбат доир ба худшиносии фардию масоили ватандорӣ, пайваста дар пайи омўзиши илму ҳунар шудану донишазхудкунии ҷавонон ба иштирокдорон маслиҳатҳои муфид доданд.

«Давлат ба ҷавонони донишманд, поквиҷдон ва таҳсилдида эҳтиёҷ дорад. Ҷавонон бояд ҳар лаҳзаи худро ғанимат шуморанд ва мудом аз пайи мутолиа бошанд. Ба масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат воқеъбинона назар кунанду фарҳанги баланди сиёсӣ дошта бошанд ва манфиатҳои миллиро пуштибонӣ намоянд»,- гуфт профессор Қ. Хушвахтзода.

Дар ҷараёни машғулият Ректори Донишгоҳ оид ба даврони донишҷӯӣ ва зинаҳои минбаъдаи фаъолияти худашон қисса карда, таъкид намуд, ки фаъолиятро аз раиси созмони ҷавонони факултет оғоз намуда, танҳо дар натиҷаи заҳмату омўзиши пайваста то ба ин зина расидааст.


Дар интиҳои дарс донишҷӯён аз Ректори ДМТ доир ба шароити илмию таълимӣ дар донишгоҳ ва ҷалби ҷавонон ба озмуну олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ саволҳо доданд.

Қ. Хушвахтзода роҷеъ ба саволҳои додашуда ҷавобҳои мушаххас дода, дар самти омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ташкили ҳамоишҳои хусусияти тарбиявӣ-ватандӯстидошта, тарғибу ташвиқи сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар, иштироки фаъол дар фазои иттилоотӣ ва озмуну олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ таклифҳои муфид пешниҳод намуд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Декабрь 3, 2022 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд