Дар Душанбе ҷиҳати татбиқи Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» ҳамоиш доир гардид

Декабрь 17, 2022 09:47

ДУШАНБЕ, 17.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти рушди «иқтисоди сабз» ҷиҳати татбиқи «Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» дар ҳамкорӣ бо Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Душанбе машварати  омӯзишӣ баргузор намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мазкур хабар доданд.

Бо мақсади амалӣ намудани банди 12 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентября соли 2022 ба тасвиб расид.

Тавре таъкид гардид, мақсади Стратегияи мазкур- гузаронидани ислоҳоти дастурӣ, таъмини истифодаи самараноки сармояи табиӣ, ҷалби сармоягузорӣ, роҳандозии технологияи муосиру инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти «иқтисоди сабз» мебошад.

Бинобар ин дар доираи Нақшаи амали Стратегияи мазкур гузаронидани машғулияти омӯзишӣ барои кормандони мақомоти марказӣ ва маҳаллии давлатӣ ва дигар сохторҳо муҳим арзёбӣ мегардад.

Дар ҳамоиш рӯнамои татбиқи Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 пешниҳод гардида, сипас модули омӯзишӣ дар гурӯҳҳо бо мавзӯи «Роҳҳои ба амал овардани ташаббусҳои «иқтисоди сабз»» баргузор гардид.

Дар ин асос ва бо мақсади рушди «иқтисоди сабз», мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва ҷалби сармояю технологияҳои каммасраф «Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» қабул гардида, дар 15 соли минбаъда мавриди амал қарор мегирад.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Декабрь 17, 2022 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид