Дар Хуҷанд оид ба таъмини рушди устувор ва рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон форуми ҷумҳуриявӣ доир шуд

Декабрь 15, 2022 15:22

ДУШАНБЕ, 15.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 декабр бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар Хуҷанд дар мавзӯи «Таъмини рушди устувор ва рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» Форуми II ҷумҳуриявии иқтисодӣ баргузор гардид.  Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи мазкур хабар медиҳад.

Дар даромадгоҳ меҳмонон бо дастовардҳои инноватсионии донишҷӯён ва кормандону устодони донишгоҳ шинос шуданд. Ректори донишгоҳ  Муъмин Шарифзода форумро ифтитоҳ намуда, ҳадафи онро мустаҳкам намудани робитаи илм бо истеҳсолот, мубодилаи афкор ҷиҳати дарёфт ва пешниҳоди тавсияҳо баланд бардоштани рақобатпазирии субъектҳои алоҳидаи хоҷагидории минтақа ва иқтисодиёти миллӣ дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ, гузариш ба ҳадафҳои рушди устувор маънидод кард.

Бино ба иттилои сармутахассиси шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи донишгоҳ Сино Ғафурӣ, дар форум коршиносон, олимон, кормандони муассисаҳои илмӣ ва таълимии Тоҷикистон дар мавзӯъҳои «Саҳми занони соҳибкор дар рушди иқтисодиёти кишвар», «Амалигардонии саноатикунонии босуръат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баланд бардоштани рақобатпазирии он» ва ғайра маъруза намуданд.

Зикр шуд, ки таъмини рушди босуботи иқтисодӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва воридоти технологияҳои пешрафта, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ аз масъалаҳои асосии сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки Форуми якуми иқтисодии ҷумҳуриявӣ  ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд.

АКС: Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи донишгоҳ

Декабрь 15, 2022 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид