Дар Душанбе оид ба татбиқи қонунгузории Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ дар самти таъмини ғизо ҳамоиш доир шуд

Декабрь 2, 2022 15:49

ДУШАНБЕ, 02.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Дилрабо Мансурӣ дар мавзӯи «Татбиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ дар самти таъмини ғизо, бахусус ғизодиҳии табиӣ ва ташаббусҳо ҷиҳати такмили он тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли солҳои соҳибистиқлолии хеш таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ба муваффақияти назаррас ноил гардид, махсусан дар ҷодаи рушди соҳаи тандрустӣ корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд.

«Агар дар кишвар то соли 1991 ҳамагӣ 2862 муассисаи тандурустӣ фаъолият дошта бошанд, пас дар замони соҳибистиқлолӣ ин шумора қариб ду баробар афзуда, соли 2022 ба 5116 адад расидааст, яъне 2254 муассиса зиёд шудааст», — иброз кард Дилрабо Мансурӣ.

Зикр гардид, ки таъмин ва беҳсозии вазъи ғизову саломатии аҳли ҷомеа ва пешгирии воридоти маводи пастсифату зиёновар дар мадди назари роҳбарияти олии мамлакат қарор дошта, ҷиҳати паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, беҳтар намудани сифати ғизо, мусоидат ба рушди устувори кишоварзӣ ва таҳияи модели устувори истеъмолот ва истеҳсолот пайваста ба мақомоти дахлдори кишвар дастуру супоришҳои мушаххас дода мешаванд.

Тазаккур дода шуд, ки масъалаи беҳтар намудани вазъи истеъмоли ғизо дар байни аҳолӣ, таъмини ғизо, бахусус ғизодиҳии табиӣ ва ташаббусҳо ҷиҳати такмили он дар доираи Стратегияи миллии рушд то солҳои 2030 яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор рафта, ин мушкилот дар доираи Ҳадафҳои Рушди Устувор то солҳои 2030 ҳамчун ҳадафҳои асосии глобалӣ боқӣ мемонанд. Зеро норасоии ғизо ҳанӯз дар байни 26 фоизи аҳолӣ ба назар расида, гипотрофия дар байни 10 фоизи кӯдакони то 5-сола мушоҳида мешавад. Аксари занону кӯдакон аз норасоии микроэлементҳо азият мекашанд, ки дар сатҳи баланди камхунӣ ва норасоии йод инъикос меёбад.

Дар давраи дарозмуҳлат таъмини рушди устувори кишвар, бахусус масъалаи таъмини ғизо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бе татбиқи стратегияву барномаҳои давлатӣ ғайриимкон мебошад.

Масоили таъмини ғизо ҳанӯз аз ҷониби Парлумони кишварҳои гуногун аз соли 2014 шурӯъ шуда, пайваста дар чорабиниҳои сатҳи милливу байналмилалӣ, конференсиву ҳамоишҳо муҳокима мегардад. Зиёда аз 40 кишвар аз маблағҳои буҷетӣ, қонунгузорӣ ва ваколатҳои сиёсии парлумонҳо истифода намуда, барои беҳтар намудани сифат ва таъмини ғизо кӯшиш мекунанд.

Парлумони Тоҷикистон низ дар масъалаи қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, маблағгузорӣ ва шаффоф амалӣ гардидани стратегияву барномаҳо дар самти ғизо нақши ҳалкунанда дорад.

Иқдоми пешгирифтаи Парлумони кишвар, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шарикони рушд дар баргузории ҳамоиши имрӯза аз он шаҳодат медиҳад, ки таъмини воқеии мардуми Тоҷикистон, бахусус кӯдакони ширмак ва бонувон бо ғизои хушсифат ҷиҳати афзоиши солим ва рушд мусоидат хоҳад кард.

Ҳамчунин дар назди ҳозирин раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, Сардори Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дарТоҷикистон Осама Маккавӣ, Сардори Намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) дар Тоҷикистон Виктор Олшанский, муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Абдуллозода, муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Гулбаҳор Ашурзода, мушовири Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Раҳматуллоев дар мавзӯи «Аҳамияти ғизодиҳии табиии кӯдакон ва ҳимоя, пешбарӣ ва дастгирии он», «Шарҳи Кодекси байналмилалӣ оид ба маркетинги ивазкунандаҳои шири сунъӣ», «Тақвият бахшидан ба дастгирии ғизодиҳии табиии кӯдакон аз ҷониби оила ва ҷомеа – тағйир додани урфу одатҳои зарарнок», «Ташаббуси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастгирии ғизодиҳии табиии кӯдакон тавассути ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Қадамҳои минбаъда дар самти тақвияти ғизодиҳии табиии кӯдакон дар Тоҷикистон» сухан гуфтанд.

Акс: МН МО ҶТ

Декабрь 2, 2022 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуданд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Роҳбари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Душанбе мулоқоти вакилони Парлумони Тоҷикистон бо намояндагони Туркманистон баргузор шуд
Вакили Парлумон дар ҷаласаи комиссияи назоратию буҷетии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври фосилавӣ иштирок намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Пешвои миллии халқи туркман-Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон мулоқот анҷом дод
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд
Ҷаласаи Шурои коршиносон оид ба экология ва идоракунии захираҳои табиӣ дар Ассамблеяи байнипарлумонии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
ҲАМОВОЗӢ. Дар Парлумон оид ба мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин ҳамоиш доир гардид
ФАЗОИ ДИНӢ ВА ТАҲДИДУ ХАТАРҲОИ МУОСИР. Ҳамовозӣ ба мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ АҲОЛӢ– ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Ҳамовозӣ ба Соли маърифати экологӣ эълон шудани соли 2024 дар шаҳри Душанбе