Дар Маҷлиси намояндагон ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
ДУШАНБЕ, 07.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Номукаммалии хизматрасонӣ дар хатсайрҳои ҳавоии мавҷуда, кам будани шумораи ҳавопаймоҳо, гарон будани арзиши чиптаҳои ҳавопаймо ба рушди сайёҳӣ таъсири манфӣ расонида истодааст. Қабули лоиҳаи қонуни мазкур барои баланд бардоштани устувории хатсайрҳои ҳавопаймоӣ, идоракунии беҳтари паркҳои ҳавопаймоӣ, зиёд намудани интихоби хатсайрҳои ҳавопаймоӣ аз ҷониби мусофирон, инчунин кам намудани арзиши хизматрасониҳои ҳавопаймоӣ ва чиптаҳои ҳавопаймоӣ ва аз байн бурдани ихтилофи назар дар татбиқи муқаррароти Кодекси андоз мусоидат менамояд. Дар ин хусус, имрӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, гуфта шуд.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар иҷлосия вакилон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Масъалаи мазкурро ба вакилони мардумӣ раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Маҳмадалӣ Қурбонзода ва Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода муаррифӣ намуда, изҳор доштанд, ки бо назардошти вазъи ҷуғрофӣ ва аз марказҳои ҷаҳонӣ дур будани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамлу нақли ҳавопаймоӣ, пеш аз ҳама, ҳамлу нақли ҳавопаймоии байналмилалӣ дар рушди иҷтимоиву иқтисодӣ нақши муҳим дошта, ин масъала ва роҳҳои рушди нақлиёти ҳавоӣ дар Стратегия ва барномаҳои давлатӣ мушаххас пешбинӣ шудаанд.
Дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 рушди соҳаи нақлиёт, ки ба ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани самаранокии бахшҳои иқтисодиёти миллӣ ва беҳсозии сифати зиндагии аҳолӣ равона шудааст, инчунин нигаҳдорӣ ва инкишофи шабакаи фурудгоҳҳои маҳаллӣ, авиатсияи хурду миёна ҷиҳати таъмини дастрасии аҳолии ҳамаи минтақаҳо ба нақлиёти ҳавоӣ ҳамчун ҳадафҳои он пешбинӣ шудааст.
Бо дарназардошти ин бахши нақлиёт, аз ҷумла нақлиёти ҳавоӣ қисми зиёди хароҷоти сайёҳиро ташкил менамояд.
Ҳамзамон дар лоиҳа бо мақсади мутобиқ намудани муқаррароти Кодекси андоз бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба муайян намудани ҳадди ақалли иҷорапулии молу мулк ба қисми 12 моддаи 21 Кодекси андоз тағйирот пешбинӣ шудааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаи 60-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.
Дар иҷлосия ҳамчунин раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва моликияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, иброз намуд, ки мақсади асосии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва моликияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ин ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ҷумҳурӣ мебошад, ки дар муносибатҳои маданӣ, иқтисодӣ ё тиҷоратӣ бо давлатҳои хориҷӣ иштирок менамоянд.
Дар интиҳо аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Акс: МН МО ҶТ








Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Форуми ҷаҳонии занони аъзои парлумон баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният доир шуд
Ҷаласаи навбатии кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занони Маҷлиси миллӣ доир гардид
Ҷаласаи навбатии кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ доир гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад






