Дар МОИ «Суғд» сохтмони корхонаи истеҳсоли халта анҷом ёфта, бунёди коргоҳи нави коркарди меваю сабзавот идома дорад

Декабрь 5, 2022 08:56

ДУШАНБЕ, 05.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар корхонаи нави ҶДММ «Азия Политекс», ки дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ҷойгир аст, корҳои васлу насби таҷҳизот дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, айни замон марҳилаи санҷишӣ ва омӯзиши коргарон оғоз ёфтааст. Баробари мавриди истифода қарор гирифтани марҳилаи аввали корхона беш аз 100 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешаванд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Корхонаи мазкур барои истеҳсоли халтаҳои гуногунҳаҷм пешбинӣ гардида, дар масоҳати 1,6 га бунёд гардидааст. Маблағи сармоявии ширкат 2,5 миллион доллари амрикоӣ буда, марҳила ба марҳила то ба 10 миллион доллари ИМА расонида хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки 2 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» бо ҷараёни васлу насби таҷҳизот дар корхонаи мазкур шинос гардид.

Масъулини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Азия Политекс» иттилоъ доданд, ки таҷҳизоту техникаи зарурӣ аз хориҷи мамлакат ворид ва насбу васл гардид.


Раиси вилоят барои пурра омода намудани корхона ба масъулин супоришҳо дода, ҷалби бештари коргарон ба омӯзишро мувофиқи мақсад арзёбӣ кард.

Бо Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 дар шаҳри Хуҷанд ба бунёди корхонаҳои нав таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, соҳибкорон бо дастгирии давлат дар саноатикунонии кишвар саҳми назаррас мегузоранд. Аз ҷумла, дар минтақаи саноатии шаҳри Хуҷанд аз тарафи ҶДММ «Доро инвест» бунёди корхонаи нави коркарди меваву сабзавот идома дорад, ки он дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад.

Зимни шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ иттилоъ дода шуд, ки дар корхонаи мазкур дар як моҳ то 90 тонна меваю сабзавотро коркард намуда, дар марҳилаи аввал 120 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд. Дар назар аст, ки дар марҳилаҳои баъдӣ шумораи ҷойҳои корӣ ба 300 адад расонида шавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Декабрь 5, 2022 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 200 МВт бунёд карда мешавад
Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ ва рушди маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ шуданд
Дар Брест ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Раёсати Кумитаи бехатарии озуқавории вилояти Хатлон ба 520 намуна шаҳодатномаи сифати тухмӣ дод
Байни соҳибкорони Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамоишҳо доир мегарданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Тоҷикистон бо шарикони рушд 17 созишномаи қарзию грантӣ ба имзо расонид
Ҳаҷми гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Беларус дар шаш моҳи аввали соли 2026 6,3 фоиз афзоиш ёфт
Дар шаш моҳ беш аз 30 ҳазор сайёҳони хориҷию дохилӣ ба ноҳияи Варзоб омадаанд
Соли 2026 дар вилояти Хатлон 46 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ таъсис дода шуд
Ҳавопаймои нави Boeing 737-8 MAX ба Тоҷикистон ворид карда шуд
«МЕЪМОР-2026». Намоиш — озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар вилояти Суғд доир мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Носири Хусрав моҳи август ҷамъоварии пахта оғоз мегардад