ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Тоҷикистон дар ҳалли мушкилот оид ба обшавии пиряхҳо худро бетараф гузошта наметавонад

Декабрь 28, 2022 17:22

ДУШАНБЕ, 28.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Парлумони кишвар бори дигар ба самъи сокинони кишвар расониданд, 14 декабри соли равон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон кардани соли 2025 ва Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон кардани 21 март, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул кард. Мувофиқи ин қатънома дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзӯъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад. Дар иртибот ба қабул гардидани Қатъномаи дахлдор оид ба ташаббуси навбатии Сарвари давлат вобаста ба обу иқлим мақолаи корманди маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Хусрав ШОСАИДЗОДА ба унвони АМИТ «Ховар» ворид гардид, ки пешкаши  хонандагон мегардад.  

Қатъномаи навбатии Маҷмаи Умумии СММ аҳамияти пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳоро ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор зикр намуд. Инчунин дар ин санад таъкид шудааст, ки таъсири гармшавии глобалӣ боиси коҳиши густурдаи креосфера шудааст, ки дар натиҷа устуворӣ дар минтақаҳои баландкӯҳҳо кам шуда, миқдору мавсими маҷрои об ва захираҳои обро дар ҳавзаҳои дарёҳои барфу пиряхдор тағйир додааст. Ин омил ба паст шудани маҳсулоти маҳаллии кишоварзӣ, афзоиш ёфтани норасоии об ва баланд шудани сатҳи миёнаи баҳрӣ таъсир расонида истодааст.

Ин пешниҳоди навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар аз як тараф, ба ташаккул додани сиёсати экологии ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи байналмилалӣ равона гардида бошад, аз ҷониби дигар, ҳадаф ва муҳтавои он вобаста ба замон ташаккул додани фазои илмӣ баҳри дарки омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон мебошад. Чунки Тоҷикистон кишвари саргаҳи об мебошад ва коршиносони соҳаро зарур меояд, ки дар заминаи ташаббусҳои Сарвари давлат ба омӯзиши ин масъалаи мубрами байналмилалӣ  таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.

Тавре аён аст, яке аз масъалаҳои мубраме, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин босуръат об шудани пиряхҳо мебошад ва Тоҷикистон низ дар ҳалли ин мушкилот худро бетараф гузошта наметавонад.

Вобаста ба масъалаи мазкур 7 ноябри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27), ки дар Ҷумҳурии Арабии Миср баргузор гардид, бори дигар нигаронии хешро аз тағйирёбии иқлим дар кураи Замин иброз доштанд. Махсусан Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки захираҳои об зери таъсири ҷиддии тағйирёбии иқлим қарор доранд ва намунаи возеҳи ин падидаро мо дар обшавии босуръати пиряхҳо дар сатҳи глобалӣ, аз ҷумла пиряхҳои Тоҷикистон, ки то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, мушоҳида менамоем.

Зимни суханронии хеш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нигаронии амиқ таъкид доштанд, ки тайи чанд даҳсолаи охир аз 13 ҳазор пиряхи Тоҷикистон як ҳазори он пурра аз байн рафтааст. 

ДАР АКС: суханронии Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 27-уми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27), 7.11.2022, Миср.

Бо дарназардошти арзиши байналмилалӣ доштани масъала дар идомаи суханронии худ Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон карда шавад.

Тоҷикистон аз рӯи захираҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ пешсаф мебошад. Захираҳои обии Тоҷикистон асосан дар пиряхҳо ҷойгир шудаанд. Миқдори пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 14 500 ададро ташкил намуда, масоҳати умуми яхҳо ба 11146 км2 мерасад. Захираи умумии яхҳо тақрибан ба 845 км3 баробар аст, ки миқдори оби онҳо аз ҳаҷми яксолаи обҳои дарёҳои Тоҷикистон 13 маротиба зиёд аст. Дар ҳудуди Тоҷикистон 947 дарёҳо мавҷуданд, ки дарозии умумии онҳо 28500 км-ро ташкил медиҳад. Аз ин дарёҳо зиёда аз 80%-и оби Амударё сарчашма мегирад, ки он ба 55,4%-и оби ба баҳри Арал воридмешуда баробар аст. Дар Тоҷикистон тақрибан 1300 кӯлҳо бо масоҳати умумии 705 км2 ҷойгир шудаанд, ки захираи обии онҳо 46,3км3-ро ташкил медиҳад ва аз ҷумла, 20 км3-и онҳо оби ошимиданӣ мебошанд. Дар Тоҷикистон 9 обанбор мавриди истифода қарор доранд,  ки ҳаҷми пурраи онҳо ба 15,344 км3 баробар аст. Ҳаҷми фоиданокии онҳо 7,63 км3-ро ташкил медиҳад.

Мавриди аст, ки  бо мақсади мониторинги равандҳо ва андешидану татбиқ намудани тадбирҳои мутобиқшавӣ ба омилҳои тағйирёбии иқлим чанд сол қабл дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис дода шуд.

Равандҳои тағйирёбии иқлим дар садаи XXI

Ҳанӯз дар асри XX олимони соҳаи астрономия пешгӯӣ намуда буданд, ки садаи 21-ро равандҳои тағйирёбии иқлим дар пешанд. Инак, бо гузашти беш аз 100 сол пешгӯйии коршиносони соҳа дуруст баромад ва имрӯз сайёраи Заминро равандҳои гуногуни тағйирёбии иқлим фаро гирифтаанд. Агар  имрӯз хушксолӣ ва норасоии оби ошомиданиву маводи ғизоӣ як қисми давлатҳои оламро дучори мушкилӣ намуда бошад, якчанд давлатҳои дигар аз носолим гардидани фазои экологӣ, пайваста рӯй додани ҳодисаҳои табиӣ ва обшавии пиряхҳо, ки сарчашмаи обии минтақаҳои гуногуни олам ба шумор мераванд, азият мекашанд. Яъне дар асри XXI новобаста аз рушду тараққиёти бесобиқаи илму техника, инсоният дучори ҳодисаву воқеаҳои табиӣ ва равандҳои пешгӯинашаванда гардида истодааст.

Дар ин миён бамаротиб афзудани  аҳолии сайёра, ки шумораи он ба ҳолати 15 ноябри соли 2022 ба 8 миллиард нафар баробар гардид, низ  мушкилоту масъалаҳои экологии ҷаҳонро боз ҳам душвор ва печидатар гардонида истодааст.

Тибқи омори расмӣ, дар дусад соли охир шумораи аҳолии кураи Замин 8 маротиба афзоиш ёфтааст. Дар ҳоле, ки  аввали асри 20 дар сайёраи Замин ҳамагӣ якуним миллиард нафар умр ба сар мебурд. Агар дар ибтидои асри 21 шумораи аҳолии дунё ба 6 миллиард нафар мерасид, ин шумора соли 2011 ба 7 миллиард нафар баробар гардид. Яъне дар миёни 11 сол аҳолии сайёра ду миллиард нафар зиёд гардид.

Дар асоси ҳисоби СММ, шумораи аҳолии Замин то соли 2030 ба 8,6 миллиард, то соли 2037 ба 9 миллиард, то соли 2050 ба 9,5 миллиард ва соли 2058 ба 10 миллиард нафар хоҳад расид.

 Об ва саломатии инсон

Тибқи назари коршиносони соҳа, ҳамасола талабот ба оби ошомиданӣ  дар кураи Замин  то ба 64 млн куб меафзояд. Масалан, агар давоми  солҳои 1950-2016 аҳолии Замин се маротиба зиёд шуда бошад, дар ин давра талабот ба оби ошомиданӣ 17 маротиба зиёд гардид. Дар асоси пешгӯиҳои коршиносон, соли 2025 қариб 50% ва соли 2050 қариб 75%-и аҳолии Замин норасоии оби ошомиданиро ҳис хоҳанд кард, ки ин масъала дарвоқеъ боиси нигаронӣ  мебошад.

Мутаассифона, бинобар сабаби норасоии оби ошомиданӣ мардум маҷбур мешаванд, ки обҳои ба талабот ҷавобгӯ набударо истеъмол намоянд ва ё онро  муддати тӯлонӣ  нигоҳ доранд, ки ин омил боиси хуруҷи ҳар гуна бемориҳо мегардад. Имрӯзҳо дар бештари кишварҳои қораи Африқо сокинон 5 соати як рӯзро дар ҷустуҷӯи оби нӯшокӣ сарф мекунанд.  Муайян гардидааст, ки норасоии оби ошомиданӣ яке аз сабабҳои асосии афзоиш наёфтани кӯдакон ба шумор рафта, ҳамасола дар ҷаҳон то 5 миллион одам аз норасоии оби ошомиданӣ ба ҳалокат мерасанд, ки бештари онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд.

Олмони Донишкадаи тадқиқотии Уқёнуси Ором исбот намудаанд, ки давоми бист соли оянда 34 миллион сокини сайёраи Замин дар пайи мушкилии норасоии оби ошомиданӣ ҷони худро аз даст медиҳанд.

Ба назари мутахассисон, норасоии об, аз ҷумла дар мамлакатҳои  осебпазир боиси хуруҷи ҳар гуна бемориҳо  гардида, бар асари он  давоми ҳар як 8 сония як кӯдак бо марг рӯ ба рӯ шуда истодааст.

Коршиносон тахмин мекунанд, ки инсоният тӯли зиндагонии худ барои об мубориза мебарад, зеро об нишондиҳандаи пиршавии инсонҳо мебошад. Масалан, агар дар таркиби бадани кӯдак аз таваллуд то синни яксолагӣ 80-85% об бошад, ин шумора то ба синни 18 расидани шахс 65-70% ва дар пиронсолӣ то ба 25% мерасад. Бинобар ин, лозим аст, ки баҳри таъмин кардани организми  хеш бо оби босифат ва бо миқдори кифоя мубодилаи оби сифатнокро баробар нигоҳ дорем. Бояд гуфт, ки ҳаёти инсон аз сифатнокии об низ вобаста мебошад, чунки он барои организми инсон  пас аз кислород моддаи дуюм ба шумор меравад.

Муайян карда шудааст, ки дар ҳолати ихроҷи то 2%-и об аз бадани инсон шахс ташнагиро, дар сурати 6-8% ихроҷ гаштан ҳолати мадҳуширо, дар сурати 10% нарасидани об дар бадани инсон нишонаҳои таваҳҳумӣ (галлюцинация) пайдо мегарданд ва дар сурати 12% мавҷуд набудани об инсон мемирад. Олимон исбот намудаанд, ки барои фаъолияти муътадили организми инсон дар як шабонарӯз 20-25 литр оби нӯшокӣ зарур аст.

Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар масоилии обу иқлим

Вобаста ба ин масъалаи мубрами байналмилалӣ Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2010 зимни суханронии хеш аз минбари Созмони Милали Муттаҳид иброз дошта буданд, ки «вақте ки бо сабаби нарасидани оби тозаи нӯшокӣ аз панҷ як ҳиссаи аҳолии сайёра азият мекашанд, мо, мардуми Осиёи Марказӣ наметавонем мавқеи бетарафиро ихтиёр кунем».

Ҳамзамон  соли 2003 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт, 2005-2015” пешниҳод гардида буд, ки худи ҳамон сол Маҷмаи Умумии СММ қатъномае қабул намуд, ки тибқи он солҳои 2005 – 2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” эълон гардид. Баъдан, дар чаҳорчӯби даҳсолаи мазкур Маҷмаи Умумии СММ ташаббуси дигари Тоҷикистонро оид ба эълон намудани соли 2013 Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об қабул кард.

ДАР АКС: суханронии Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисоти умумии Иҷлосияи 70-уми Маҷмаи Умумии СММ, 29.09.2015, ИМА

Бо дарназардошти муҳимияти масъала ва идомаи тадбирандешиҳо дар ин самт 21 декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи A/RES/71/222-ро зери унвони  “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” бо иттифоқи оро ва бо ҳаммуаллифии 177 кишвари узви СММ қабул намуд. Тавре маълум аст, эълони “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” бори аввал аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея пешниҳод гардида буд.

Аз нигоҳи коршиносони соҳа, рушди устувор рушдест, ки густариши иқтисодиёт бе зарфияти экологӣ пеш бурда мешавад ва он се омилро дар бар мегирад: иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ. Мо танҳо ҳамон вақт ба рушди устувор ноил гашта метавонем, ки ин се омил дар асоси якдигар мавриди баррасӣ қарор бигиранд. Маҳз қатъномаи чоруми дар ин самт қабулшуда, яъне “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ба ташаккули афкори ҷадид дар рушди иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон саҳми хешро гузошта истодааст.

Муаммоҳои экологии сайёра, ки имрӯз тобишҳои гуногун, аз қабили иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳам сиёсӣ касб намудаанд, боиси он гардиданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба масоили норасоии об таваҷҷуҳ зоҳир намояд.

Агар ба муҳтавои қатъномаҳои қабулшуда дар масъалаҳои об, ки бо пешниҳоди  Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҷониби СММ қабул ва мавриди амал қарор гирифтаанд, назар намоем, онҳо паҳлуҳои  no-mood-problems.com. Агар аз як тараф, онҳо ба ташаккул додани сиёсати маърифати экологӣ дар  арсаи ҷаҳон равона гардида бошанд, аз ҷониби дигар, масоили дипломатияи об, об ва ҳаёт ва дастрас шудан ба рушди устувор маҳаки асосии барномаҳои мазкурро ташкил медиҳад. Дар асоси қатъномаҳои қабулшуда Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист сиёсати экологии худро дар сатҳи байналмилалӣ роҳандозӣ  намояд.

Барҳақ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарғибгари маърифати экологии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба шумор мераванд. Маҳз бо туфайли қатъномаҳои қабулнамудаи СММ вобаста ба ҳифзи пиряхҳо ва норасоии об Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд миллат ва халқияти гуногунро дар масоили глобалӣ, ба монанди об сарҷамъ ва муттаҳид намоянд, ки ин дастоварди неки миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

Сарвари давлати Тоҷикистон бо ташаббусҳои созандаи хеш дар самти масоили об  бори дигар нишон доданд, ки ҳамчун сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ дар ҳалли масъалаҳои мубрами умумиҷаҳонӣ бетараф нестанд.

Мусаллам аст, ки ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти масоили об саривақтӣ  буда, аллакай баҳри ҳалли ин мушкилоти глобалӣ заминаи мустаҳкам  гузошта истодаанд.

Метавон чунин хулоса кард, ки ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоили ҳифзи пиряхҳо ва об ба ташаккул додани сиёсати маърифати экологӣ дар арсаи ҷаҳон нигаронида шудаанд.

Маҳз бо қабул гардидани қатъномаҳои дар ин самт қабулшуда сиёсати маърифати экологӣ дар шакли нав ба вуҷуд омад ва диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намуд.

Дар замоне, ки фазои экологии ҷаҳон ҳар лаҳзаву сония метавонад тағийр ёбад, моро мебояд, ки баҳри ҳифзи табиати биҳиштосои кишвари азизамон бетараф набошем. Тоҷикистони мо барҳақ ҷаннати рӯйи замин аст. Манзараҳои дилфиребу тамошобоб, чашмаву дарёҳои пуртуғёнаш, бидуни шак, имрӯз зеботарин манзараҳои олам ба ҳисоб мераванд. Бояд ин зебоиҳоро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Яъне ҳар сокини Тоҷикистон на танҳо ифтихор аз он намояд, ки дар чунин ватани биҳиштосо умр ба сар  мебарад, балки бояд худро барои ҳифзи ин зебоиҳо масъул ва вазифадор шуморад. Танҳо дар ин сурат мо метавонем, ки дар раванди тағйирёбии босуръати иқлим табиати нотакрори кишварамонро аз хатари носолим гардидан эмин нигоҳ дорем.

Махсусан насли ҷавони кишварро бояд дар рӯҳияи дӯст доштани табиат, анҷом додани амалҳои неку созанда, аз қабили шинонидани гулу дарахтон ва ҳамеша сарсабз нигоҳ доштани онҳо тарбия намоем.

Ҳар кадоми мо бо шинонидани ҳатто як дарахт метавонем дар сабзу хуррамгардонии кишвари азизамон саҳм гузорем.

Қонуни табиат аст, ки иқлим тағйир меёбад ва инсон қодир нест, то пеши роҳи офатҳои табииро бигирад. Дар ин раванд инсонро мебояд, ки ба тағйирёбии иқлим худро мутобиқ намуда, роҳҳои эмин мондан аз хатари  ҳодисаҳои табииро пешакӣ ҷӯё шавад.

Хусрав ШОСАИДЗОДА,
рӯзноманигор, корманди маркази матбуоти
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Декабрь 28, 2022 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Шибит давои хуб барои бемориҳои узвҳои ҳозима аст
«БОЗ ДАР ГӮШАМ РАСАД САВТУ НАВОИ ШАШМАҚОМ». Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи шашмақом таҷлил мегардад
««ШОҲНОМА»- МАКТАБИ ХУДШИНОСӢ ВА ПАРЧАМИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ. Андешаҳо оид ба таъсири «Шоҳнома» ба эҷодиёти Лоиқ Шералӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Хӯрдани сирпиёз масунияти баданро боло бурда, пиршавиро пешгирӣ менамояд
Фарҳангиёни Тоҷикистон бояд дар зеҳни ҷавонон тафаккури солими миллиро инкишоф дода, Ваҳдати миллиро таҳким бахшанд
МУАЛЛИМИ МАН
«МАЙДОНИ ИСТИҚЛОЛ». Ин иншооти муҳташам ва сайёҳии шаҳри Душанбе аст, ки дили сокинону меҳмонони пойтахтро тасхир кардааст
7 МАЙ — РӮЗИ РАДИО ВА КОРМАНДОНИ ТАМОМИ СОҲАҲОИ АЛОҚА. Ислоҳот дар соҳаи алоқа бо маром идома дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ омили мустаҳкамии оилаҳо дар Тоҷикистон аст
АРЗҲОИ ДӮСТӢ. Узбекистон шарики стратегӣ ва ҳампаймони боэътимоди Тоҷикистон мебошад
«Барномаи биллингӣ» шаффофияти пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсиро дар муассисаҳои таҳсилӣ таъмин менамояд
МАВҚЕЪГИРИИ СИЁСӢ ВА АРЗЁБИИ МУШКИЛОТИ ИМРӮЗ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин