Дар шаҳри Истиқлол кӯдакистони замонавӣ бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 17.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар маҳаллаи 1-уми шаҳри Истиқлол бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳмгузории Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой боғчаи бачагона сохта мешавад, ки дар он 240 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
14 декабр зимни сафари корӣ ба шаҳри Истиқлол Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои сохтмонии боғчаи мазкур шинос гардид.
Ба иттилои масъулин, муассисаи томактабӣ дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, намояндагони Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой уҳдадор шудаанд, ки корҳои сабзу хуррамгардониро низ вусъат бахшида, ҳудуди муассисаи томактабиро чароғон намоянд.
Кӯдакистони навбунёд мутобиқ ба замони имрӯз сохта шуда, бо супориши Раиси вилояти Суғд минбаъд бо маркази гармидиҳии худӣ таъмин карда мешавад. Дар айни ҳол дар шаҳри Истиқлол ду муассисаи томактабӣ фаъолият дошта, дар онҳо 252 нафар таълим мегиранд. Ҳамзамон дар назди чор муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 6 гурӯҳи маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 130 нафар таъсис дода шудааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Беларус бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар Риёз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
ТАҲКИМИ БЕХАТАРИИ САНОАТӢ ВА РУШДИ УСТУВОР. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ — 35 СОЛИ ШУКУФОӢ БО НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «РОҒУН». Таҳти чунин унвон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Оид ба дастовардҳои соҳаи энергетикаи Тоҷикистон филми мустанад ба навор гирифта шуд
Дар Кувайт ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии расмӣ баргузор гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ ВА НАСЛИ МАН. Ватандӯстӣ аз муносибати инсон ба вазифаи хурди ҳаррӯза сарчашма мегирад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Дар Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор гектар замин ба аҳолии мамлакат тақсим карда шуд
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияҳои водии Рашт 825 иншоот ба истифода дода шуд
Дар вилояти Хатлон 77 фоизи нақшаи содирот иҷро шуд
Оид ба 35 ташаббуси созандаи Президенти Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид






