Дар Тошканд дастовардҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ муаррифӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 19.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастовардҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Тошканди Узбекистон муаррифӣ шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллӣ.
18-19 декабр дар шаҳри Тошканди Узбекистон ҷаласаи Шӯрои осорхонаҳои миллии Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он дар баробари директорони осорхонаҳои миллии Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамчунин Директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» Зафаршо Иброҳимзода иштирок намуд.
Зафаршо Иброҳимзода дар ҷаласаи мазкур дар мавзӯи «Дастовардҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ» маърӯза намуд.
Номбурда иброз дошт, ки Осорхонаи миллии Тоҷикистон миёни осорхонаҳои миллии Осиёи Марказӣ дар бисёр бахшҳои фаъолияти осорхонавӣ пешгом буд, аз ҷумла, нахустин шуда сайрҳои маҷозӣ, онлайнӣ ва «Онлайн Парад»-ро баргузор намуд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки Осорхонаи миллии Тоҷикистон миёни осорхонаҳои миллии Осиёи Марказӣ нахустин шуда ба «Маркази байналмилалии тадқиқотӣ оид ба ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ» (ИККРОМ) аъзо гардид ва ҳамасола шумораи зиёди чорабиниҳои мухталифро ташкил ва баргузор менамояд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






