Дар Тошканд Форуми XV зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои узви ИДМ ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 13.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Иштирокчиёни Анҷумани зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои ИДМ, ки дирӯз, 12 декабр дар Тошканд кушода шуд, дар Театри опера ва балети ба номи Алишер Навоӣ таҷрибаи 30-солаи ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро баррасӣ намуда, оид ба дурнамои рушди он мубодилаи афкор мекунанд.
Ҳайати Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода раҳбарӣ мекунад.
«Форуми навбатии XV зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои узви ИДМ, ки бори аввал дар Тошканд баргузор мегардад, рӯйдоди назаррас дар ҳаёти фарҳангии на танҳо Узбекистон, балки ҳамаи кишварҳои Иттиҳод мегардад ва боз як далели нигоҳ доштан, инкишоф додан ва мустаҳкам намудани риштаҳои дӯстии мамлакатҳои мост. Боварӣ дорам, ки форуми мазкур ба таҳким ва рушди фазои муштараки фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хизмат хоҳад кард», — зикр намуд Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Узбекистон Озодбек Назарбеков дар маросими ифтитоҳи форум.
Форуми ҷашнӣ, ки дар он зиёда аз 200 нафар намояндагони зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои ИДМ иштирок доранд, устуворона майлу хоҳиши ҳамкорӣ ва хамраъйиро равшан нишон медиҳад.
Мавзӯи ҳамоиши имрӯза «Ҳамкории башардӯстона — таҷрибаи сӣ сол ва дурнамои рушд» таъйин шудааст. Он муҳокимаи нақшаҳои ҳамкориро бо дарназардошти воқеияти ҳозиразамон ва муайян намудани самтҳо ва шаклҳои афзалиятноки кор дар бар мегирад.
Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИ «УзА»/АМИТ «Ховар»










Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






