Дар Тошканд Форуми XV зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои узви ИДМ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 07.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 12-14 декабр дар Тошканд Форуми XV зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои узви ИДМ баргузор мегардад. Мавзӯи нишаст «Ҳамкории башардӯстона — таҷрибаи сисола ва дурнамои рушд» хоҳад буд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.
Дар доираи чорабинӣ намоиши ФБҲГ (Фонди байнидавлатии ҳамкории башардӯстона) «Чеҳраи Иттиҳод», маросими супоридани Ҷоизаи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод» ва Ҷоизаи байналмилалии «Иттиҳоди дебютҳо» баргузор мешавад. Доир ба мавзӯъҳои «Мероси фарҳангии кишварҳои иттиҳод», «Ҷомеаи илмӣ ва таълимии кишварҳои ИДМ», «Рамзи навтарини фарҳангии ИДМ: самтҳои рушди ҳамкорӣ», «Адабиёти кишварҳои Иттиҳод — равандҳои нави ҳамгироӣ», «Ҳамкории ҷавонони мамлакатҳои Иттиҳод» табодули назар карда мешавад.
Ҳамчунин ҷаласаи муштараки Шӯрои ҳамкории башардӯстона ва Раёсати Хазинаи байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ баргузор гардида, дар анҷоми форум қарорҳои ниҳоӣ қабул карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки Форуми III зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои узви ИДМ 18-19 сентябри соли 2008 дар шаҳри Душанбе доир шуда буд. Дар чорабинии дурӯза, ки таҳти шиори «Тавассути муколамаи фарҳангӣ ва таҳаммулпазирӣ — ба ғанисозии маънавии мутақобила ва пешрафти мардуми Иттиҳод» баргузор гардида буд, намояндагони соҳаи фарҳанг, илм ва маорифи кишварҳои аъзои ИДМ, ҳамчунин сохторҳо, идораҳо ва ташкилоти дахлдор ширкат доштанд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
ДАР АКС: Иштирокчиёни Форуми XIV зиёиёни эҷодӣ ва илмии ИДМ, ки 15-16 майи соли 2019 дар Ашқобод баргузор гардид. Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид






