Доир ба ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба соҳаи саноати Тоҷикистон ҷаласаи маҷозӣ баргузор гардид

Декабрь 24, 2022 10:13

ДУШАНБЕ, 24.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар нишасти кории маҷозии  Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир бо роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷа доир ба ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба соҳаи санот ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштарак табодули назар карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии кишвар.

Ҷаласа 21-22 декабр таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода баргузор гардид.

Зимни он ҷонибҳо доир ба натиҷаҳои рушди соҳаи саноат дар соли 2022, дастовардҳо ва имконияту мушкилиҳо дар самти ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштарак ва фарогирии аҳолӣ бо ҷойи кор ибрози ақида намуданд.

Ҳамчунин иштирокдорон бо мақсади амалигардонии дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат ва татбиқи бомароми ҳадафи чоруми стратегӣ- саноатикунонии босуръати кишвар, бадин васила рушди соҳа давоми Солҳои рушди саноат (2022-2026) зарурати гирифтани иқдомҳои навбатии муштаракро дар соли 2023 махсусан таъкид карданд.


Ёдовар мешавем, ки 3 август нишасти чоруми Гурӯҳи кории доимамалкунанда доир ба ҷалби сармояи хориҷӣ таҳти роҳбарии Шараф Шерализода ва узвияти роҳбарияти мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳузури маҷозии роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии кишвар дар хориҷа баргузор гардида буд.

Дар ҷаласа ҷараёни иҷрои Нақшаи амали Гурӯҳи корӣ дар соли равон, густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, таҳкими абзорҳои ҳамоҳангсозии байнисохторӣ ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ, инчунин муаррифии натиҷаи гузориши таҳлилии Корпоратсияи байналмилалии молиявии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон (IFC) оид ба вазъи ҳамлу нақли ҳавоии кишвар баррасӣ гардид.

Акс: ВКХ ҶТ

Декабрь 24, 2022 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-20262 иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид