ДЗЮДОЧИЁНИ ТОҶИК БА БАЙТУЛМУҚАДДАС МЕРАВАНД. Онҳо барои роҳхатҳо ба Олимпиадаи соли 2024 мубориза мебаранд

Декабрь 8, 2022 12:08

ДУШАНБЕ, 08.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо Jerusalem Masters 2022, ки 20-22 декабр баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард. Кишвари моро дар охирин мусобиқа оид ба дюздо дар ин мавсим се варзишгари маъруф — Нуралӣ Эмомалӣ (66 кг), Комроншоҳ Устопириён (90 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) намояндагӣ мекунанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи дзюдои ҶТ.

Бино ба иттилои Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF), дар рӯзи аввал — 20 декабр рақобатҳо дар вазнҳои то 60 кг, 66 кг миёни мардон ва дар вазнҳои то 48 кг, 52 кг, 57 кг миёни занон баргузор мешаванд.

Дар рӯзи дуюм — 21 декабр гӯштингирон дар вазнҳои то 73 кг, 81 кг миёни мардон ва дар вазнҳои то 63, 70 килограмм миёни занон сабқат мекунанд. Мусобиқа 22 декабр бо рақобатҳо дар вазнҳои 90, 100, +100 кг барои мардон ва 78, +78 кг миёни занон ба анҷом мерасад.

Имсол 314 варзишгар аз 55 кишвари ҷаҳон ба мусобиқаи Jerusalem Masters номнавис шудаанд. Дзюдочиён дар ҳар вазн мувофиқи мавқеашон дар рейтинги ҷаҳонӣ рақобат мекунанд.

Иштирокчиёни мусобиқа на танҳо барои медалу ҷоизаҳои пулӣ, балки барои дарёфти холҳои арзишманд ҷиҳати дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи соли 2024 дар Париж мубориза мебаранд.

Masters пас аз Бозиҳои олимпӣ ва чемпионати ҷаҳон бузургтарин ва муҳимтарин мусобиқа маҳсуб мешавад. Гирифтани медали тилло дар мусобиқаи Masters ба варзишгар 1800 имтиёз, медали нуқра — 1260 имтиёз ва медали биринҷӣ — 900 имтиёз медиҳад. Барои муқоиса, дар мусобиқаи «Grand Slam», ки чанд соли ахир дар Тел-Авив баргузор шуд, ба даст овардани медали тилло ҳамагӣ 1000 имтиёз арзиш дорад.

Ёдовар мешавем, ки дар мавсими гузашта аз Тоҷикистон 3 варзишгар ба World Judo Masters дар Давҳа рафта буданд. Дар байни онҳо натиҷаи беҳтаринро Темур Раҳимов нишон дод, ки дар вазни беш аз 100 кг мақоми панҷумро гирифт. Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯз Хоҷазода, ҳарду дар вазни то 73 кило дар марҳилаи аввал шикаст хӯрданд.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, моҳи ноябри соли равон Исмоил Маҳмадзоир ба вазифаи раиси Федератсияи дзюдои Тоҷикистон (ФДТ) барои солҳои 2022-2026 интихоб шуд. Собиқ раиси ФДТ Нурулло Лоиқов дар вазифаи муовини раиси федератсия кор мекунад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 8, 2022 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад