ФУТБОЛ. Дар Душанбе бурсҳои мураббигӣ оид ба фитнес дар доираи барномаи «LEVEL 1B»-и КФО ба анҷом расиданд
ДУШАНБЕ, 10.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бурсҳои (курсҳои) панҷрӯзаи омӯзишии Конфедератсияи футболи Осиё барои мураббиёни фитнес «AFC Fitness Coaching Certificate Course – Level 1B» ба анҷом расиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Дастурдиҳандаи курсҳо инструктори КФО Ғуломризо Ҷаҳонӣ аз Эрон буд. Барномаи семинари панҷрӯза аз омезиши ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии тарбияи ҷисмонӣ дар футбол иборат аст.
Дар маросими ҷамъбасти курсҳои КФО барои мураббиёни фитнес директори техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Салоҳиддин Ғафуров ширкат варзида, ба Ғуломризо Ҷаҳонӣ барои табодули таҷриба изҳори сипос намуд.
Дар курсҳо сармураббиёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон – Далер Каёсов (дастаи мунтахаби U-14), Раҳматулло Фузайлов (дастаи U-16), Мубин Эргашев (дастаи U-23), Фарҳодҷон Холбеков (дастаи духтарона U-15) ва Иззатулло Исоқов (дастаи мунтахаби духтаронаи то 18-сола) ширкат намуданд.
Ҳамзамон Сиёвуш Боев, Бахтиёр Ҳакимов, Рустам Хоҷаев, Субҳон Хоҷамов, Ҷомихон Муҳиддинов, Олимшо Қадамшоев, Рустам Абдуллоев, Ҷаваршоҳ Шоҳғиёсов, Зариф Усмонов ва Алишер Тухтаев дар семинар ширкат доштанд.
Акс: ФФТ








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






