ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон дар бурсҳо барои гирифтани иҷозатномаи VAR аз ФИФА иштирок доранд
ДУШАНБЕ, 27.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) нахустин курси муқаддимавии таълимиро барои доварони Тоҷикистон баргузор кард, ки ҳадафаш ошноӣ бо шартҳои муқаддимавии кор бо системаи VAR мебошад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Давоми панҷ рӯз инструктори варзидаи ФИФА Фарҳод Абдуллоев аз Узбекистон барои доварони Тоҷикистон дар бораи сохтори бунёдии системаи мазкур ва принсипҳои истифодаи наворҳои такрорӣ дар бозиҳо як силсила лексияҳои онлайнӣ хонд. Бо ин бурс раванди омӯзиши пурраи доварони мо барои гирифтани иҷозатномаи VAR аз ФИФА оғоз шуд. Дар семинари онлайнӣ ду довар аз Қирғизистон – Вероника Бернатская ва Дайирбек Абдилдаев низ ширкат доранд.
Қобили зикр аст, ки аз соли оянда дар бозиҳои Лигаи олии чемпионати Тоҷикистон системаи видеодовар (VAR) ҷорӣ карда мешавад. Ҳоло департаменти доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон барои татбиқи системаи VAR дар кишвар аз панҷ марҳила яктоашро гузаштааст. Холо марҳалаи дигар – тартиби тайёр кардани доварҳо ҷараён дорад.
Акс: ФФТ









Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд






