ФУТБОЛ. Рустам Соиров фаъолияташро дар дастаи «Локомотив»-и Тошканд идома медиҳад
ДУШАНБЕ, 24.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамлагари мунтахабҳои олимпӣ ва миллии Тоҷикистон оид ба футбол Рустам Соиров фаъолияти худро дар дастаи «Локомотив»-и Тошканд, ки аз мавсими нав дар Про-Лигаи Узбекистон бозӣ мекунад, идома медиҳад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Рустам Соиров аз дастаи «Левадия»-и Таллин, ки дар ҳайати он дар чемпионати Эстония ҳамагӣ панҷ бозӣ анҷом дод, ба «Локомотив» гузашт. Қаблан Соиров дар дастаҳои «Локомотив-Помир» ва «Истиқлол»-и Душанбе бозӣ кардааст.
Рустам Соиров аз соли 2020 ба дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футбол ҷалб мешавад. Дар ин муддат дар ҳайати мунтахаби асосии кишвар 9 бозӣ анҷом додааст.
Акс: ФФТ








Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид






