Хонандаи тоҷик Муҳаммад Қодиров дар Олимпиадаи байналмилалии шаҳри Боку сазовори ҷойи сеюм гардид

Декабрь 15, 2022 15:13

ДУШАНБЕ,  15.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи синфи 9-и Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе Муҳаммад Қодиров дар Олимпиадаи байналмилалии шаҳри Боку сазовори ҷойи сеюм гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.

Олимпиадаи байналмилалии «Озмоишгоҳи омоданамоии маҳоратҳо» («Лаборатория подготовка талантов») аз рӯи фанҳои дақиқ аз 11 то 15 декабр миёни наврасони давлатҳои гуногуни дунё дар шаҳри Бокуи давлати Озарбойҷон баргузор гардид.

Олимпиадаи байналмилалӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон ва ҷалби таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон ба фанҳои дақиқ баргузор гардида, имкон медиҳад неруи зеҳнии наврасон инкишоф ёбад.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Декабрь 15, 2022 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид