ИМРӮЗ – ФИНАЛИ ЧҶ-2022! Аргентина ва Фаронса дар бозии ҳалкунанда бо ҳам рақобат менамоянд: пахши онро дар куҷо ва кай метавон тамошо кард?
ДУШАНБЕ, 18.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 18 декабр дар Лусаил бозии финалии Чемпионати ҷаҳон-2022 оид ба футбол баргузор мегардад, ки дар он мунтахабҳои Аргентина ва Фаронса бо ҳам вомехӯранд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Пахши мустақими бозии Аргентина ва Фаронса соати 20:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. Бозии финалиро дар Тоҷикистон метавон тавассути шабакаҳои телевизионии «Футбол» ва «Варзиш» мустақим тамошо кардт.
Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Фаронса чемпиони феълии ҷаҳон аст. Дар роҳ ба финали ЧҶ-2022 Фаронса дар даври плей-офф бар Лаҳистон (3:1), Англия (2:1) ва Марокаш (2:0) пирӯз шуд. Мунтахаби Аргентина дар даври плей-офф бар Австралия (2:1), Нидерланд (2:2, зарбаҳои 11-метра. — 4:3) ва Хорватия (3:0) ғолиб омад.
Ҳамин тавр, 22-юмин Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Қатар, ки рӯзи 20 ноябр оғоз гардид, рӯзи якшанбе, 18 декабр ба анҷом мерасад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






