Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Декабрь 29, 2022 18:48

ДУШАНБЕ, 29.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 29 декабр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Нахуст дар кори ҷаласа масъалаҳои вобаста ба тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023», ки аз рӯйи он Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода гузориш дод, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Тавре таъкид гардид, мақсад аз баррасии санади мазкур ин мушаххас намудани раванди иҷрои Буҷети давлатӣ, истифодаи босамару мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, инчунин муайян намудани уҳдадориҳои вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият вобаста ба иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» иборат мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумати мамлакат ва роҳбарони вазорату идораҳо ҷиҳати таъмини саривақтии иҷрои нақшаҳои буҷети давлатӣ дар соли 2023 дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.

Аз ҷумла супориш дода шуд, ки ҷиҳати дарёфи роҳу усулҳои нави иҷрои нақшаи андоз ва буҷетӣ давлатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ҷалби шаҳрвандон ба меҳнати фоиданоки дастӣ, аз қабили тиллошӯйӣ дар қаламрави мамлакат тадбирҳои бетаъхир андешида шавад. Дар робита ба ин масъала таъкид гардид, ки дар як давраи кӯтоҳ бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат беш аз 7000 нафар барои тиллошӯйи иҷозатнома гирифта, ба ин намуди меҳнати фоиданок ҷалб шудаанд.

Сипас аъзои Ҳукумати мамлакат Нақшаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2023-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зикр гардид, ки Нақшаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2023 дар асоси нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таҳия гардида, таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоии мамлакатро барои давраҳои минбаъда фаро мегирад.

Баъди муҳокима дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027», «Барномаи миёнамуҳлати давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2023-2028», «Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои солҳои 2023-2026» ва дигар масъалаҳои рӯзнома баррасӣ гардиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар масъулон барои таъмини саривақтӣ ва босифати нишондиҳандаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намудани соли 2022 ва таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар солҳои оянда дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дастуру супоришҳои дигар доир ба таъмини фаъолияти самарабахши иншооти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, махсусан иншооти роҳу нақлиёт, барқу алоқа ва муассисаҳои иҷтимоӣ дар фасли зимистон, таъминоти аҳолӣ ва иншооти таъйиноти гуногун бо барқу гармӣ, пешгирӣ аз талафоти неруи барқ, сарфакорона истифода бурдани барқу гармӣ ва пардохти саривақтии маблағи онҳо, пешгирӣ кардани ҳолатҳои сухтор ва риояи қатъии талаботи қонунгузории мамлакат доир ба масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ва танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29.12.2022

Декабрь 29, 2022 18:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар чорабинии фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Қалъаи Хуҷанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави муассисаи таҳсилоти томактабии «Наврӯзи Истиқлол»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасониро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази тиббии «Микролаб»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли равғанро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар бунёди боғи интенсивии зардолу, гелос ва токи хавозавӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои навбунёди Қасри фарҳангро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии ҳунармандону сокинони шаҳри Истаравшан шинос шуданд