Кишоварзони ҷамоатҳои деҳоти Деваштич ва Сӯҷинаи Панҷакент намудҳои гуногуни маҳсулоти ғизоӣ захира кардаанд
ДУШАНБЕ, 28.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳанӯз оғози соли равон кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонии деҳаи Сӯфиёни Ҷамоати деҳоти Деваштич ва Ҷамоати деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент дар ҷавоб ба даъвати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ ва ҳарчӣ бештар захира намудани он ба иҷрои он пардохтанд, ки он самар дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад.
Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ва ҳайати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр зимни сафари корӣ ба ин деҳа ва Ҷамоати деҳоти Сӯҷина аз сардхонаю анборҳои кишоварзон боздид намуданд. Зимни суҳбат бо деҳқонон маълум гардид, ки заҳмати онҳо самар овардааст.
Иттилоъ дода шуд, ки сокини деҳаи Сӯфиён Фирӯз Ҷумъаев аз замини саҳм ва иҷорааш имсол беш аз 60 тонна картошка рӯёнида, 10 тоннаи он ҳоло дар таҳхонаи ҳавлиаш нигоҳдорӣ мешавад. Сокини дигари деҳаи мазкур Зафар Ҷумъаев дар анбораш 20 тонна сабзӣ, 12 тонна пиёз ва 2,5 тонна шалғам захира кардааст.
Тазаккур дода шуд, ки дар маҷмӯъ кишоварзони деҳаи Сӯфиён дар парвариши сабзавот таҷрибаи ғанӣ ҳосил кардаанд ва дар таъмини бозори шаҳр саҳми калон доранд. Ҳосили ранҷи онҳо ба бозорҳои пойтахт низ бароварда мешавад.
Ҳамзамон Раиси шаҳр ба сокини деҳаи Сӯҷина Эгамбердӣ Раҷабов, ки дар ҳавлиаш ду гармхона сохта, зиёда аз ин 12 қуттӣ оруи асал низ парвариш мекунад ва дар таҳхонааш аз 3 гектар замини хоҷагии деҳқониаш захираи кофии картошка, сабзӣ, пиёз, ангур, консерваҳои гуногун муҳайё кардааст, изҳори сипос намуд.
Сокинони дигари деҳаи Сӯҷина Исмоил Худоёров, Асқар Маҷамов, Аббосхон Маҷамов ва сокини деҳаи Дашти Малла -Абдулло Ғафуров ва дигарон низ дар таҳхонаю анборҳояшон барои хӯрокворӣ ва фурӯш пиёз, картошка, сабзӣ, лаблабу барои хӯроки чорво ва аз сабзавот намудҳои гуногуни консерва захира кардаанд.
Таҷрибаи деҳқонони деҳаи Сӯфиён ва Сӯҷина бори дигар собит менамояд, ки дар сурати дуруст ба роҳ мондани кишоварзӣ ва истифодаи босамари замин на танҳо оилаи худро метавон бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин намуд, балки дар фаровонии бозор низ саҳми босазо гузоштан мумкин аст.
АКС: МИҲД-и шаҳри Панҷакент








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






