Лимӯпарварӣ дар минтақаи Кӯлоб рушд меёбад
КӮЛОБ, 18.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Парвариши меваҳои ситрусӣ, аз ҷумла лимӯ дар гармхонаҳои шаҳру ноҳияҳои Кӯлоби вилояти Хатлон рушд меёбад. Хоҷагидорон бо дарки бардошти ҳосили фаровон ва гирифтани фоидаи зиёд сол ба сол майдони гармхонаҳоро васеъ менамоянд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛЗОДА.
Чор сол пеш сокини шаҳри Кӯлоб Самия Миралиева бо бунёди гармхона дар хоҷагии деҳқониашон ҳамарӯза бо модараш ба нигоҳубини ниҳолҳои лимӯ машғул буд. Ҳоло ниҳолҳо боровар шудаанд ва Самия бо шавқ саргарми ҷамъоварии ҳосили лимӯ мебошад.
Ҳоло дар ин гармхона 30 бех ниҳолҳои лимӯ нашъунамои хуб доранд ва баъди ҷамъоварии ҳосил ба коркарди дарахтон машғул мегарданд. Дар Ҷамоати деҳоти Даҳана дар хоҷагии деҳқонии «Навбаҳор» низ гармхона сохтаанд. Барои гарм будани гармхона ва кам истифода бурдани сӯзишворӣ дохили гармхонаро нисбат ба сатҳи замин як метр пасттар кардаанд. Дарахтони ин гармхона низ нашъунамои хуб доранд ва нисбат ба соли гузашта ҳосилашон фаровон аст. Аз 34 ниҳоли шинонида ҳамааш сабзида, дар дохили гармхона қаламчаи лимӯ шинонидаанд, то дар бунёди гармхона дар оянда мушкилӣ накашанд. Масофаи байни дарахтон риоя гардида, қоидаҳои агротехникиро сари вақт мегузаронанд, ки фаровонии ҳосил ба он вобастагӣ дорад.

Дар Кооперативи тиҷоратии «Тебалай»-и Ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод низ заминҳои дар ихтиёрдошта самаранок истифода мешаванд. Дар заминҳои корами лалмии ин хоҷагӣ ғалладонагӣ кишт карда мешавад ва дар замини назди идораи маъмурӣ картошка мешинонанд.
Хоҷагидорон дар ду садяк замин гармхона бунёд карда, нихолҳои лимӯ шинонидаанд. Сол ба сол деҳқонони минтақаи Кӯлоб бо омӯхтани тарзи нигоҳубини дарахтони ситрусӣ мақсад доранд майдони гармхонаҳоро васеъ намуда, ҳосили фаровон ба даст оранд ва дар баробари таъмини бозору марказҳои савдо бо меваҳои ситрусӣ содироти онро ба хориҷи мамлакат низ ба роҳ монанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст






