«МО ДӮСТДОРИ ТАБИАТ». Дар Хуҷанд озмуни экологӣ миёни кӯдакон натиҷагирӣ шуд
ДУШАНБЕ, 20.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаи таҳсилоти томактабии №1-и шаҳри Хуҷанд озмуни шаҳрии «Мо дӯстдори табиат» ҷамъбаст карда шуд. Дар ин бора АМИТ « Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Озмуни мазкур бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр бахшида ба ташвиқи моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» гузаронида шуд. Ҳадафи аслии озмун- баланд бардоштани маърифати экологӣ миёни тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ мебошад.
Дар озмун тарбиятгирандагони тамоми муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ маҳсули эҷоди хешро аз рӯйи номинаҳои эълоншуда пешниҳод намуданд.
Баъди омӯзиш ва баррасӣ ҳакамон аз миёни иштирокдорон 32 нафар тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабиро ғолиб дониста, бо туҳфа ва сипосномаҳо қадршиносӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки озмуни «Мо дӯстдори табиат» бо мақсади тарғиби васеи ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пешоҳанги масъалаҳои байналмилалӣ оид ба проблемаҳои глобалии ҷаҳон гузаронида шуд.
Зикр гардид, ки озмуни мазкур дар доираи иҷрои бандҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бо мақсади тарбия ва баланд бардоштани маърифати экологӣ, муносибати эҳтиёткорона ва эҳтиромона зоҳир намудан ба муҳити зист, ташаккули хоҳиши устуворӣ, риоя кардани меъёрҳои ахлоқӣ дар раванди муносибат бо табиат ва истифодаи захираҳои табиӣ ва таблиғоти ҳадафҳои экологӣ сурат гирифт.
Озмун нишон дод, ки дарки маърифати экологӣ ҷузъи гуманитарӣ ва иҷтимоию табиии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ мебошад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҲҶТ








Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»
Бунафша Файзиддинзода: «Бигузор занону духтарони мо дар арсаи байналмилалӣ бо либоси зебои тоҷикӣ парчамбардори сарзамини аҷдодӣ бошанд!»
ИХТИРОЪКОРИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти Ганҷина Наврӯззода намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ аст






