Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 09.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар фасли баҳор садҳо навъи гулу гиёҳ мерӯяд, ки истеъмоли онҳо барои саломатии инсон фоида дорад. Махсусан, истеъмоли сиёҳалаф, пудина, шибит, модел, торон, рошак, ҷағ-ҷағ ва хӯрокҳои аз онҳо тайёршуда барои организми инсон муфид аст. Сиёҳалаф аз ҷумлаи ин гиёҳҳои шифобахш мебошад, ки дар Тоҷикистон дар баҳор аксари хонаводаҳо аз он хӯрокҳои сабук омода месозанд. АМИТ «Ховар» ин мавзуъро шарҳ медиҳад.
Тавре гиёҳшиносон иброз медоранд, растаниҳое, ки дар баландиҳои кӯҳсор месабзанд, аз лиҳози таркиби ғизоӣ фоиданоканд. Яке аз маъруфтарин гиёҳҳои баҳорӣ сиёҳалаф мебошад. Онро аз рӯи пояаш ба осонӣ метавон шинохт: ҳангоми чидан нӯги он зуд сурх мегардад, зеро дар таркибаш миқдори зиёди йод мавҷуд аст. Ҳангоми пухтупаз низ ранги он каме бунафш мешавад. Дар бисёр хонадонҳо сиёҳалафро бо чакка истеъмол мекунанд ва ҳатто барои фаслҳои дигар хушк намуда, нигоҳ медоранд.
Шуълаи сиёҳалаф бо об, намак, орд ва ё биринҷ тайёр карда мешавад. Сиёҳалаф дорои витамини С, каротин, фитонсидҳо ва маҷмӯи витаминҳои гурӯҳи В (В1, В2, РР) мебошад. Инчунин дар таркиби он оҳан, калий, руҳ, марганетс ва йод фаровон аст. Маҳз ҳамин бойигарии табиӣ онро ба як навъ «антибиотики табиӣ» табдил медиҳад, ки ба тақвияти масуният мусоидат мекунад.
Сиёҳалафро дар муолиҷаи баъзе бемориҳои меъдаю рӯда, аз ҷумла гастрит ва захми меъда истифода мебаранд. Баргҳои он иштиҳоро меафзоянд ва ба ҳазми ғизо кумак мерасонанд. Барои шахсони гирифтори мушкилоти ғадуди сипаршакл низ истеъмоли он судманд шумурда мешавад, зеро рибофлавин фаъолияти онро танзим менамояд.
Умуман, гиёҳҳои кӯҳӣ на танҳо болаззат, балки барои дил, ҷигар, майна ва дигар узвҳои бадан низ муфид мебошанд. Аз онҳо метавон биринҷоба, оши бурида, умоч, самбӯса ва хӯришҳои гуногун омода кард. Бартарии дигар ин аст, ки онҳо серғизо буда, хавфи зиёдшавии вазнро ба вуҷуд намеоранд.
Бо вуҷуди фоидаи зиёд, ҳангоми истифодаи гиёҳҳо бояд қоидаҳои беҳдоштӣ риоя карда шаванд. Азбаски онҳо дар рӯи замин мерӯянд, пеш аз истеъмол бояд бодиққат шуста шаванд. Тавсия мешавад, ки гиёҳро тақрибан як соат дар оби каме шӯр тар карда, сипас бо оби тоза шуста истифода намоянд.
Табиати Тоҷикистон манбаи давоҳои зиёди табиист, ки дар мавриди дуруст истифода бурдан, бо кумаки онҳо метавонем саломатии худро беҳтар намоем.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд
Ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистону Чин дар Пекин баррасӣ гардид
Рӯзи Президентро дар ноҳияи Ёвон бо баргузории чорабиниҳои гуногун таҷлил намуданд
Ба муносибати Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор шуд
Дар мавзуи «Низоми идоракунии президентӣ ва таъмини амнияти давлатӣ» ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН – НАМУНАИ ДИПЛОМАТИЯИ МУТАВОЗИНУ СОЗАНДА. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Душанбе таҳти унвони «Президент — симои миллат ва рамзи давлат» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ТАҶАССУМИ ИРОДАИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ
ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид






