МУШТЗАНҲОИ ТОҶИК МЕТАВОНАНД АЗ БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ МАҲРУМ ШАВАНД. КБО таҳдид кард, ки ин варзишро аз барномаи «Париж-2024» комилан хориҷ менамояд

Декабрь 24, 2022 12:21

ДУШАНБЕ, 24.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Париж 2024» метавонад бе мусобиқоти бокс монад. Кумитаи байналмиллалии олимпӣ (КБО) таъкид кард, ки комилан ин намуди варзишро аз Бозиҳои олимпии Париж-2024 хориҷ менамояд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, як рӯз пеш дар ин бора Президенти КБО Томас Бах дар мусоҳиба бо France Info хабар дод.

Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ, сабаби ин ба имзо расидани созишномаи нави сарпарастӣ бо ширкати «Газпром» ва IBA бо роҳбарии Умар Кремлеви рус мебошад.

Бояд гуфт, ки сарфи назар аз ихтилофи тӯлонӣ миёни КБО ва IBA, бокс воқеан аз мақоми олимпии худ маҳрум нашудааст.

Дуруст аст, ки мақоми бокс ҳамчун варзиши олимпӣ дар барномаи Бозиҳои олимпии соли 2028 дар Лос-Анҷелес ҳанӯз тасдиқ нагардидааст.

Аммо соли 2024 КБО ният дорад, ки худаш мусобиқаҳои боксро баргузор кунад.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 24, 2022 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид