Номи деҳаи Ҷиргатоли ноҳияи Лахш ба деҳаи Сариосиёб иваз гардид

Декабрь 26, 2022 10:30

ДУШАНБЕ, 26.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Номи деҳаи Ҷиргатол ба деҳаи Сариосиёб ва деҳоти Ҷиргатоли ноҳияи Лахш ба деҳоти Наврӯз иваз карда шуданд. Дар ин бора Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2022 ба тавсиб расид.

Ноҳияи Лахш (то 3 марти соли 2016 ноҳияи Ҷиргатол) яке аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ буда, 10 марти соли 1931 таъсис ёфтааст. Маркази ин ноҳия -шаҳраки Ваҳдат дар соҳили дарёи Сурхоб, 284 км дуртар аз шаҳри Душанбе воқеъ аст. Ин ноҳия солҳои 1939 — 1955 дар ҳайати собиқ вилояти Ғарм шомил гардида буд. Бар асоси қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Лахш 1 шаҳрак (Ваҳдат) ва 8 ҷамоат дорад.

Ноҳияи Лахш дар водии Рашт ҷойгир шудааст. Дар шимол бо вилояти Бодканди Қирғизистон, дар ғарб бо ноҳияи Рашт, дар ҷануб бо ноҳияҳои Тоҷикобод ва Сангвор ва дар шарқ бо ноҳияи Чон-Олойи Қирғизистон ва ноҳияи Мурғоби ВМКБ ҳамсарҳад аст. Масоҳати ноҳияи Лахш 4580.1 км² -ро ташкил медиҳад. Маркази имрӯзаи ноҳия ва аксар деҳаҳо дар водии нисбатан фарохи ҳавзаи дарёи Сурхоб доман густурдаанд. Аз чашмасоронаш дарёчаҳои кўҳии Муқсу, Тамдиқул, Пиёзӣ, Оби Кабуд, Дувана ва Ғулама маҷро мегиранд. Ҳудуди ноҳияро аз шарқ ба ғарб дарёи Сурхоб бурида мегузарад. Ба он дарёчаҳои бисёре ҳамроҳ мешаванд, ки калонтаринашон аз чап Муқсу ва аз рост Оби Кабуд мебошанд.

Ноҳияи Лахш дар баландии зиёда аз 1500 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад ва зиёда аз 95%-и ҳудуди онро қаторкўҳҳо ташкил медиҳанд. Ноҳия барои рушди соҳаи сайёҳӣ, махсусан сайёҳии экологӣ ва кўҳию варзишӣ хеле мусоид мебошад. Иқлими хуб, боду ҳавои форам, табиати дилфиреб ва манзараҳои зебою дилкаш имконият медиҳанд, ки соҳаи сайёҳӣ дар ноҳия рушд ва тараққӣ намояд. Ноҳия дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ имкониятҳои хело зиёд дошта, дар сурати истифода бурдани ин имкониятҳо дар давоми солҳои оянда метавон шумораи зиёди сайёҳони хориҷиро аз мамолики гуногуни ҷаҳон ҷалб намуд.

АКС: манбаъҳои боз

Декабрь 26, 2022 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид