ОБУ ҲАВО. Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон бориши борон ва барф ба амал меояд

Декабрь 29, 2022 08:10

ДУШАНБЕ, 29.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ бориши борон ва барф ба амал меояд,  иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 19-24 дараҷа хунук, рӯзона 6-11  дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 1+6 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дарҷа хунук 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барфи тар  ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона  0+5 дараҷа гарм, рӯзона 5+10 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук,  рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои абрнок шуда, шабона асосан бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо дар нимаи дуюми рӯз борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2+4 дараҷа гарм, рӯзона 8+10 дараҷа гарм мешавад.

Декабрь 29, 2022 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид