Раванди татбиқи марҳилаи чоруми БРАМОМ-4 дар мақомоти гумрук бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 02.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Татбиқи марҳилаи чоруми Барномаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ» (БРАМОМ-4) зимни мулоқоти муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода ва аъзои гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ- муҳандиси калони нақлиёт ва Роҳбари гурӯҳи лоиҳа Муҳаммад Зулфиқор, мутахассис оид ба нақлиёт ва роҳбари даста Абдулҳамид Халилӣ ва мутахассиси калон оид ба масъалаҳои содагардонии расмиёти савдо Сатя Прасад Саху баррасӣ гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додааст.
Дар мулоқот раванди татбиқи лоиҳа, шиносоӣ бо ҳолати ҷории идоракунии молиявӣ, амалигардонии равандҳои харид, инчунин мувофиқа намудани фаъолият барои суръатбахшии лоиҳа муҳокима шуд.
Азим Турсунзода зикр намуд, ки дастоварди назаррас аз миссияи охирини Бонки ҷаҳонӣ (майи соли 2022)- ба имзо расидани Созишнома бо Конференсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба Савдо ва Рушд «UNCTAD» 22 июни соли 2022 ва мутаносибан оғози фаъолияти онҳо дар Тоҷикистон мебошад. Мавсуф афзуд, ки имрӯз аллакай дар серверҳо шакли санҷишии низоми АСИКУДА насб карда шуда, корҳо дар самти омӯзиши бизнес-равандҳо ба роҳ монда шудааст.
Илова бар ин, масъалаҳои ҷорӣ оид ба самтҳои асосии фаъолият дар доираи қисмати 3, аз ҷумла навсозии платформаи ТИК-и гумрукӣ, таҳкими иқтидори дастурӣ ва захираҳои кадрӣ дар Хадамоти гумрук, навсозии таҷҳизоти техникӣ барои назорати сарҳадии интиқоли бор ва мусофирон баррасӣ шуданд.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст






