Сироҷиддин Муҳриддин: «Ҷопон яке аз шарикони муҳими рушди Тоҷикистон ба шумор меравад»

Декабрь 24, 2022 11:28

ДУШАНБЕ, 24.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷопон яке аз шарикони муҳими рушди Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин нукта имрӯз аз ҷониби Вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти 9-уми вазирони корҳои хориҷии «Муколамаи Осиёи Марказӣ – Ҷопон» тазаккур дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, зимни нишаст, ки таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Ҷопон Ҳаяшӣ Ёсимаса гузашт, масъалаҳои тавсеаи ҳамкории Осиёи Марказӣ бо Ҷопон, 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ, татбиқи ҳадафҳои рушди устувор дар минтақа ва таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардиданд.

Сироҷиддин Муҳриддин дар суханронии худ иброз дошт, ки Ҷопон яке аз шарикони муҳими рушди Тоҷикистон ба шумор рафта, ҳамкории созандаи мо бо Ҷопон дар татбиқи тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани некӯаҳволии мардум ва таъмини рушди устувори кишвар мусоидат мекунад.


Соли 2004 «Муколамаи Осиёи Марказӣ + Ҷопон» аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон бо мақсади таҳкиму тавсеаи ҳамкории минтақавӣ таъсис дода шудааст. Дар чаҳорчӯби Муколама ҳашт вохӯрии вазирони корҳои хориҷӣ, понздаҳ нишасти масъулони аршади Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷӣ, ёздаҳ муколамаи зеҳнӣ (муколамаи Токио), ҳафт мулоқоти коршиносон ва ду муколамаи корӣ баргузор гардидаанд.


Ёдовар мешавем, ки 18 майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати  Тоҷикистон машварати 7-уми Муколамаи  вазирони корҳои хориҷии «Осиёи Марказӣ + Ҷопон»  баргузор шуд.

Дар он вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Ҷопон  ва муовини Вазири  корҳои хориҷии Туркманистон, инчунин ба ҳайси меҳмони фахрӣ Вазири корҳои хориҷии Афғонистон  иштирок доштанд.

Дар доираи машварат  се ҷаласа дар мавзӯъҳои  «Ҳамкории амалии   кишварҳои аъзои  Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» дар бахши сайёҳӣ», «Ҳамкории кишварҳои аъзои Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» дар соҳаҳои   савдо, сармоя  ва рушд», инчунин «Амнияти минтақавӣ ва ҳамкории минтақавӣ» доир гардид.

Дар фарҷоми машварат роҳбарони ҳайатҳо Изҳороти муштараки машварати 7-уми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон»-ро ба тасвиб расониданд.

Хотиррасон менамоем, ки иштирокдорони ин машваратро Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфтанд.

 Акс: ВКХ ҶТ

Декабрь 24, 2022 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд