СИРОЯТҲОИ ШАДИДИ ВИРУСИИ РОҲИ НАФАС ВА ЗУКОМ. Дар Қирғизистон 172 мактаб дар ҳолати карантин буда, хонандагон ба таври онлайн дарс мехонанд
ДУШАНБЕ, 15.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қирғизистон бинобар вазъи эпидемиологӣ дар соли таҳсили 2022-2023 172 муассисаи таълимӣ ба ҳолати карантин гузаронида шуданд. Тавре агентии миллии иттилоотии Қирғизистон «Кабар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қирғизистон хабар додааст.
Бино ба маълумоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қирғизистон, аз ин муассисаҳои таълимӣ 32 адад дар вилояти Чуй, 111 адад дар вилояти Талас, 3-то дар вилояти Иссиқул, 6 адад дар вилояти Ҷалолобод, 12-то дар Ӯш ва 8 адад дар шаҳри Бишкек мебошанд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳангоми ҳолати карантинӣ омӯзиш ба таври онлайнӣ гузаронида мешавад.
Дар асоси фармони Вазорати тандурустӣ, мактабу кӯдакистонҳое, ки аз ҷониби маркази назорати санитарию эпидемиологии маҳаллӣ дар бораи ба карантин гирифтани онҳо хулоса бароварда шудааст, ба ҳолати карантинӣ гузаронида мешаванд.
Дар вазорат тасмими бастани мактабҳо дар пасманзари афзоиши мизони зиёдшавии зуком ва СШВРН гирифта шуд. Рӯзҳои охир дар беморхонаҳои Бишкек навбатпоии зиёд мушоҳида шудааст. Дар маҷмӯъ, тибқи маълумоти вазорати тандурустӣ, аз 5 то 11 декабр дар Қирғизистон 14 078 ҳолати сирояти шадиди вирусии респираторӣ ва зуком ба қайд гирифта шудааст. Нисбат ба ҳафтаи гузашта беморӣ 1,5 баробар бештар афзудааст. Аз шумораи зиёди беморшудагон қариб 70% кӯдакони то 14-сола мебошанд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид






