«СИЁСАТИ ГЕНДЕРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН». Дар Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда давраи омӯзишӣ оғоз ёфт

Декабрь 26, 2022 14:40

ДУШАНБЕ, 26.12.2022 /АМИТ  «Ховар»/. Барои занону духтарони болаёқати Китобхонаи миллии Тоҷикистон имрӯз дар Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи омӯзишии серӯза аз рӯйи барномаи «Сиёсати гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Академияи идоракунии давлатӣ.

Мувофиқи барнома барои бонувон машғулият оид ба татбиқи сиёсати гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳияи буҷет бо дарназардошти ҷанбаҳои гендерӣ, татбиқи сиёсати гендерӣ дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, имиҷи зан-роҳбар, ҳуқуқу имтиёзҳои занон дар муносибатҳои меҳнатӣ, пешгирии зӯроварӣ дар оила, усулҳои муосири мудирият ва ғайра гузаронида шуда, дар ҷамъбаст баъди санҷиши донишҳои омӯхташуда ба шунавандагон гувоҳномаи хатми давраи омӯзиши такмили ихтисос дода мешавад.

Давраи омӯзишӣ дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон дар доираи татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022  ташкил шуда, то 28 декабр идома меёбад.

Дар маросими ифтитоҳи давраи омӯзишӣ Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Абдухалил Ғафурзода, Раиси Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Руқия Қурбонова, муовини якуми Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон  Салима Раҷабзода, муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигорахон Ғаффорзода, инчунин намояндагони занони фаъол, собиқадорони соҳаи хизмати давлатӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Суғд (тариқи маҷозӣ) сухан намуданд.

Бояд гуфт, ки Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқат дар Академияи идоракунии давлатӣ соли 2022 бо дастгирии сохтори СММ-занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Дар марҳилаи нахустини фаъолият дар Марказ модули таълимӣ барои 24 соат таҳти унвони «Банақшагирии буҷет бо дарназардошти ҷанбаҳои гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯйи барномаи «Банақшагирии буҷет бо дарназардошти ҷанбаҳои гендерӣ: ҳадафҳо, вазифаҳо ва дурнамо» таҳия карда шуда,  18 нафар тренерони миллӣ омода карда шуданд. Инчунин қариб 100 нафар  хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз рӯйи ин барнома аз такмили ихтисос гузаштанд.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Декабрь 26, 2022 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи омӯзгорон 377 нафар собиқадорону кормандони маорифи ноҳияи Сино қадрдонӣ шуданд
Саида Ғаффорова: «Таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон ва дастгирии Сарвари давлат мо, омӯзгоронро рӯҳбаланд ва ба касбамон дилгарм месозад»
ДАР РАҲИ МАЪНӢ РАФИҚЕ БЕҲТАР АЗ УСТОД НЕСТ. Эҳдо ба Рӯзи омӯзгорон
«ПЕШАИ ОМӮЗГОРӢ МУҚАДДАСТАРИН КАСБИ РӮИ ОЛАМ АСТ». Иқтибос аз суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир шуд
Бо иқдоми Раиси шаҳри Душанбе ба 142 нафар мураббиён ва омӯзгорони пойтахт мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ дода шуд
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ЗАБОН- НИШОНАИ МИЛЛАТ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсия доир шуд
5 октябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи технологӣ вобаста ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар партави паёмҳои Президенти Тоҷикистон ҷаласаи васеи омӯзгорон доир шуд