ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, якшанбе, 345-умин рӯзи соли 2022 аст
11 декабри соли 2012 дар бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушд баргузор гардид.
***
7 сол пеш, 11 декабри соли 2015 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар конференсияи «Сиёсати бетарафӣ: ҳамкории байналмилалӣ баҳри сулҳ, амният ва рушд» ба Туркманистон сафар карданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 вазъ ва дурнамои робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Урдун мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
11 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии кӯҳ.
РӮЙДОДҲО:
11 декабри соли 2012 дар шаҳри Куала — Лумпури Малайзия маросими қуръапартоии мусобиқоти Осиё байни дастаҳои футболбозони ҷавон баргузор шуд, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз рӯи натиҷаи қуръапартоӣ ба гурӯҳи «С» минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ шомил гардид.
***
11 декабри соли 2013 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба созишномаи қарзии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд /БИР/ оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунии шаҳри Душанбе» илова ворид карданд.
***
8 сол пеш, 11 декабри соли 2014 дар шаҳри Душанбе нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар раванди баргузории интихобот баррасӣ гардид.
***
11 декабри соли 2015 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 68-уми Шӯрои иқтисодии ИДМ иштирок намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1852 дар Париж куҳнатарин бинои сирк кушода шуд.
***
11 декабри соли 1946 аввалин компютери «Марк-1» ихтироъ карда шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1919 аввалин шумораи рӯзномаи «Московский комсомолетс» аз чоп баромад.
***
Соли 1946 Фонди кӯдаконаи СММ (ЮНИСЕФ) созмон дода шуд