Таъмини аҳолӣ бо оби нўшокӣ дар ноҳияҳои Ҷалолуддини Балхӣ ва Дӯстии вилояти Хатлон беҳтар мегардад

Декабрь 16, 2022 11:12

ДУШАНБЕ, 16.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияҳои Ҷалолуддини Балхӣ ва Дӯстии вилояти Хатлон дастрасӣ ба таъминоти оби нӯшокӣ ва беҳдошт беҳтар мегардад. Иқтидори муассисаҳои соҳаи обтаъминкунию беҳдошти ноҳияҳои мазкур такмилу таҳким ёфта, сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар ин самт беҳтар мешавад. Дар ин бора зимни баррасии масъала «Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи сармоягузорӣ ба бахши обтаъминкунӣ ва беҳдошти Тоҷикистон) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд» дар ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки 14 декабри соли равон баргузор гардид, гуфта шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки Созишнома мазкур дар ҳаҷми 45 миллион доллари амрикоӣ (33,5 миллион доллар ҳуқуқи махсуси қарзгирӣ) ба имзо расонида шуд. Лоиҳа аз чор қисм — таҳкими сохторҳои институтсионалӣ ва тақвияти иқтидори муассисаҳои (субъектҳои) соҳаи об (3 миллион доллари амрикоӣ); сармоягузорӣ ба обтаъминкунӣ ва беҳдошт (40,5 миллион доллари амрикоӣ); идоракунии лоиҳа (1,5 миллион доллари амрикоӣ) ва қисмати шартӣ оид ба вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода иборат аст.

Мақоми татбиқкунандаи лоиҳа Вазорати энергетика ва захираҳои об ва Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» муайян шуда, дар давраи татбиқ тамоми чорабиниҳои дар доираи он пешбинишударо амалӣ менамоянд. Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2023 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2027 ба нақша гирифта шудааст.

АКС: манбаъҳои боз

Декабрь 16, 2022 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд