ТОҶИКИСТОН БА РОССИЯ БЕШТАР САБЗАВОТУ МЕВА МЕФИРИСТАД. «Роҳҳои оҳани Россия» тахфифи ҳамлу нақлро барои соли 2023 тамдид кард
ДУШАНБЕ, 24.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Минтақаҳои Россия ба интиқоли маҳсулоти меваю сабзавот аз Тоҷикистон тамоми сол манфиатдор мебошанд, аз ин рӯ, ширкати «Роҳҳои оҳани Россия» тахфифи интиқол аз Тоҷикистонро барои соли 2023 тамдид кард. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора агентии иттилоотии «РЖД-Партнер.ру» 22 декабр бо истинод ба ширкати роҳи оҳан хабар дод.
«Раёсати ҶСК «Роҳҳои оҳани Россия» тахфифҳои ҷорӣ барои ҳамлу нақли як қатор борҳоро барои соли оянда тамдид кард. Аз ҷумла, 50% тахфифи воридоти меваю сабзавот аз Тоҷикистон ва Узбекистон барои соли 2023 тамдид карда мешавад», — омадааст дар иттилоия.
Ёдовар мешавем, ки нархҳо аз моҳи январи соли 2021 коҳиш дода шуданд. Сиёсати тахфиф нисбат ба вагонҳои яхдондор аз Тоҷикистон ва Узбекистон татбиқ мешавад.
Чанде пеш намояндаи тиҷоратии Россия Евгений Коренков ба агентии Sputnik гуфт, ки истеъмолкунандагони Россия ба маҳсулоте, ки таҳти тамғаи «Made in Tajikistan» ворид мешаванд, талаботи зиёд доранд. Инҳо зардолуи тару тоза ва хушк, ангур, олу, гелосу тамашк ва хушкмевҳои гуногун мебошанд.
Бино бар хусусиятхои иқлимию географӣ аксари минтақаҳои Россия ба фиристодани меваю сабзавот аз минтакаи офтобӣ манфиатдор мебошанд.
«Маҳсулоти саноатию кишоварзӣ яке аз даромадҳои асосии пулии Тоҷикистон аст ва дар равобити тиҷоратӣ бо Россия нақши муҳим дорад», — таъкид кард Е. Коренков.

Ӯ афзуд, ки соли равон 21,2 дарсади содироти Тоҷикистонро маҳсулоти озуқаворӣ ва ашёи хоми кишоварзӣ ташкил дод. Ба ҳисоби пулӣ ин рақам 14 миллион долларро ташкил медиҳад.
Намояндаи тиҷоратии Россия дар Тоҷикистон ҳамчунин афзуд, ки ин раванд дар навбати худ, дар муқоиса бо соли 2021, ду баробар афзоиш ёфтааст, ки ин асосан дар натиҷаи сиёсати тахфифии «Роҳҳои оҳани Россия» сурат гирифтааст.
АКС: АМИТ «Ховар/манбаъҳои боз








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид






